Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд банда то ҳамон вақт боре ҳам бо вай сари суҳбат қарор надоштам, вале дар ҳамон лаҳза ӯро шахси ба дил наздиктарини хеш донистам.
Ҳамсоя сухане нагуфта бандаро ба мошин шинонд ва мо боз ба қафо ба тарафи роҳи калон ҳаракат намудем. Чун шавҳарам ба ҷойи вохӯрӣ наомада буд, аламам дучанд шуд ва ман лаҷоми гиряро сар додам.
-Матлубабону ғам махӯр, ҳамааш гузашт, - бандаро ором намуданӣ шуда мегуфт ҳамсоя.
-Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро Қиём наомад? - бо азобе гуфтам ман, гиряамро лаҳзае фурӯ нишонда.
-Ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки туро пешвоз гирам.
-Чӣ, худаш вақт надошт?
-Намедонам, шояд ӯро андешаи дигаре дар сар аст, охир чӣ фарқ дорад, вай наомад, ман омадам. Умуман, ман хеле шодам, ки туро сиҳату саломат мебинам, аминам, ки онҳо худатро азоб надодаанд.
Дар он лаҳзаҳо ҳазору як андеша дар майнаам парвоз дошт, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро шавҳарам, нафаре ки аз рӯи ӯ шуда, ман се шабро дар кадом як таҳхонаи намноке рӯз намудам ва аз рӯи ӯ шуда қариб номусамро аз даст медодам, ба вохӯрӣ наомад.
Чун ба хона омадам, ҳамааш аён гашт. Шавҳарам аз тарси он ки худашро ҳадафи тир қарор надиҳанд, аз ҳамсоя хоҳиш намудааст, ки ба истиқболи банда равад. Магар буздилӣ аз ин беш мешавад?
...
-Чаро хомӯшед?
-Шуморо фаҳмидам, албатта, рафтори шавҳаратон ҷавонмардона набудааст.
-Ҳоло ҳама манро ба он гунаҳкор карданӣ мешаванд, ки ба шавҳарам хиёнат намудам. Касе донистан намехоҳад, ки аввалин шуда шавҳарам ба ман хиёнат кард. Бубинед дар талоши ҷони хеш ӯ қариб маро бо дастони худаш ба оғӯши дигаре ҳаво дод. Оҳ чӣ қадар ман мехостам, ки дар ҳамон лаҳза худро ба оғӯши шавҳарам партоям, сару рӯяшро бӯсаборон намоям ва диламро бо гиря холӣ кунам, вале ӯ чунин имкониятро ба ман надод.

пешина
аз 429
навбатӣ