Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Гумон намекунам, ки ин охирин вохӯрии мо бошад, модоме чунин аст дафъаи дигар чой ҳам менушем, - гӯён ман аз меҳмонхона баромадам...
...21...
-Бовари кас намеояд, ки чор сол дар зери як бом зиставу боре ҳам номи нафареро, ки дастатро дар корҳои тиҷоратӣ рост намудааст, ба забон наорӣ.
-Бузак, ки ба пушта (саҳро) рафт, сурхиро аз пойи хеш мебинад.
-Дуруст, вале нуқтаи назари шумо ба шахси фавтида чандон рост намеояд.
-Чиӣхел?
-Рафту агар Нозим Ятим дар қайди ҳаёт мебуд, рафтори Қиёми Абдулхайрро фаҳмидан мумкин буд. Чунин ҳолатҳо кам нестанд, ки нафареро даст мегирию рӯзе ӯ гиребонгират мешавад.
Чунин нафарон аслан пастнасабанд, ки ба ивази неки бадиро раво мебинанд.
-Яъне, чун мор.
-Дуруст фаҳмидед, вале ҳамаи ин нотавонбиниҳоро метавон танҳо дар нисбати оне раво дид, ки дар бағал сангу дар сангари рӯ ба рӯят нишаста. Дар нисбати шахси фавтида бошад, иҷрои ҳама гуна ҳаракат ё беҳаракатие, ки руҳи шахси ба дорулбақо реҳлат намударо ноором месозад, мамнуъ аст. Мардуми беҳуда нагуфтаанд, ки аз қафои шахси фавтида ё сухани нек бигу ё хомӯш бош. Аз нигоҳи мантиқ дар амали Қиёми Абдулхайр бадие нест, вале чун Нозим Ятим пири ӯ дар корҳои тиҷоратист, мебоист ақаллан ӯро боре ҳам ба некӣ ёд мекард.
-Шояд зери коса нимкосаест.
-Намедонам, вале рафту суханони Матлубаи Гурез дар ин бора рост бошанд, ки ӯ боре ҳам ному насаби Нозим Ятимро нашунидааст, дар миёна сирест нуҳуфта...
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба рафти ҳодисаҳо назар афканда гумон мекунем, ки ҳамаро медонем ва он муаммои сарбастаро аллакай чун нӯги ресмони калоба ба даст гирифтаем, вале дар асл ин хел нест, чунки собит намудани дараҷаи гуноҳи ҷинояткор аз боздошти худи ӯ мушкилтар аст.

пешина
аз 429
навбатӣ