Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бо Сикандар Хизр дар зулмот гуфт:
14 Марг мушкил, “ зиндагӣ мушкилтар аст.”
-Кор ҳам зиндагист. Новобаста аз ҳама мушкилоти кор онро қадр кардан лозим. Кор ҳаст, ки мо луқмаи нони хешро ҳалол карда мехӯрем, маҳз ба туфайли кори ба сомон расондаамон мардумон моро эҳтиром менамоянд. Худам борҳо шунидаам, ки дар нисбати мардуми бекор мегӯянд:- “Аз одами бекор ҳама безор”. Ба андешаи банда шайтони алайҳилаъна ҳамеша ҳамнишину ҳамсафари мардуми бекор аст ва бо васвасаи хеш онҳоро ба қонуншиканию ҷинояткорӣ тела медиҳад...
-Оё гуфтанӣ нестед, ки шайтон бо мардуме, ки андармони кор ҳастанд, наздик намешавад.
-Шайтони алайҳилаъна ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки инсонҳоро аз роҳи рост барорад, вале нафаре ки ба кор машғул аст, фикру зикраш ба кор банд аст, чунки кор ҳам мисли ибодат аст.
Ибодат бошад, ҳамеша мақбули Худованд ва Оллоҳ таолло худ пуштибони ибодаткунанда. Ҳазрати Умар (р) мегӯяд: “Нафареро бинам, ки бекор аст, на кори дунё мекунаду на кори охират, дӯсташ намедорам, чунки ӯ аз мардумони зишткор аст". ба андешаи ҳазрати Умар (р) бекорӣ сабабгори сар задани гуноҳҳои зишту амалҳои шайтонӣ ва фасодии ҷомеа мегардад...
-Чӣ илоҷ, модоме ки чунин аст, мо ҳам мекӯшем, ки ҳама мушкилоти аз пешамон баромадаро бартараф намуда, ҳақро ба ҳақдор расонем.
-Иншоолоҳ, чунки боварӣ дорам худи Матлубаи Гурез дар ин кор моро даст хоҳад гирифт.
-Магар ин худбоварӣ нест?
-Умед шуълаи охиринест, ки инсонҳоро аз гузоштани қадами беҷо ҳифз мекунад. Қиёми Абдулхайр бошад, ҳамин субҳ охирин шуъларо дар қалби ҳамсараш хомӯш кард, бехабар аз он ки зан на танҳо қалби инсонро ба зиндагӣ гарм, балки аз рӯи нафрат онро чун як сард ҳам карда метавонад.
-Баъди чунин “корнамоиҳо” бечора дигар чӣ ҳам мегуфт?
-Қиёми Абдулхайр он чиро гуфт, ки бояд мегуфт, вале зани бевафояш ҳамаи инро ба таври хеш шарҳу эзоҳ дод, чунки уштур
Сухан аз М. Иқбол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё