Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

каҷии хешро намебинад. Акнун вақти ба фурудгоҳ рафтанатон шуд.
-Майлаш ману Бахтиёри Қурбоналӣ ба фурудгоҳ меравем, - гӯён банда бо Сафар Бобохонович худоҳофизи намудам...
...22...
Соати бистуяк мо ба фурудгоҳи шаҳрӣ омадем. Аз рӯи нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷуӣ мо аз қафои Қиёми Абдулхайр бояд назорат мебурдем. Танҳо назорат.
Дар ин бора соате пештар банда андешаҳои хешро ба иҷрочии вазифаи сардор гуфтам. Ба таври дигар гӯем, банда аслан муқобили назорат бурдан будам, вале онҳое, ки ҳуқуқи баландтар доштанд, андешаҳои хешро ба сари мо бор намуданд.
Сафар Бобохонович бандаро бовар кунонид, ки аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии фурудгоҳ ва биноҳои баландошёнаи он ҳатто киллер имконияти ба нишон гирифтани объектро надорад, чунки аз лиҳози стратегӣ мавқеи мазкур ноқулай аст. Рафту агар қотил сайдашро ҳам интизор шавад, ӯро дар наздикиҳои манзили зисташ интизор мешавад. Барои эҳтиёт гурӯҳе бо сардории лейтенанти калони милиса Хайруллоҳи Ашур бояд ба кӯчаи Бинокорон фиристода мешуд. Гурӯҳи мазкур ба он ҷо фиристода шуд ё не, мо то кунун хабар надоштем.
Моро лозим буд, ки вазифаи хешро иҷро намоем, аз ин рӯ, банда ба назди сардори милисаи дар фурудгоҳ буда рафтам ва матлаби хешро дар асоси талаботҳои оперативӣ баён намудам.
-Шуморо фаҳмидам, - гӯён ӯ чанд рақамеро дар диски телефон пахш намуд.
-Навбатдор гӯш мекунад.
-Лейтенант Ҳамроевро ба назди ман фиристед, - гуфт сардор, ки худ дар либоси ғайринизомӣ буд. Сипас аз телефони дигар ба куҷое занг зада, дар бораи фурудоии рейси Бишкек-Душанбе пурсон шуд.
-Баъди дувоздаҳ дақиқа? Ташаккур! - гӯён ӯ гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт. Тайёра соати бистуяку сиюпанҷ дақиқаи вақти маҳалӣ ба фурудгоҳ менишинад. Ин аз реҷаи умумӣ даҳ дақиқа дертар аст, вале чандон муҳим ҳам нест.
Ба дар касе ангушт зад ва соҳиби дафтари кори гулӯ рӯшан намуда, баҳри ворид шуданаш рухсат дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё