Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Лейтенанти милиса Ҳамроев! - баробари вориди дафтари кории сардор шудан худро муаррифӣ намуд нафари бо амри сардор ҳозиршуда.
-Ин кас капитани милиса Сорбони Ҳомид, аз ШКД-и ноҳияи Сарчашма. Капитанро матлабе ҳаст ва мо бояд ба ӯ ёрӣ диҳем, - гӯён сардори милисаи дар фурудгоҳ буда зердасташро ба рафти ҳодиса огоҳ намуд.
-Яъне, ки шумо вайро намешиносед? - пурсид Ҳамроев ба тарафи банда нигариста.
-Ҳамин хел.
-Майлаш ман таёрам, ки ба шумо ёрӣ диҳам.
Ҳамагӣ панҷ дақиқа пеш аз фурудоии тайёра мо бо сардор худоҳофизӣ намуда, аз дафтари кории ӯ баромадем. Бахтиёри Қурбоналӣ дар гӯшае рӯзномае дар даст машғули қироат буд.
Банда ӯро бо ҳамкори навамон Ҳамроев шинос намудам. Дар ҳамин асно диктор аз фурудоии тайёра аз Бишкек хабар дода, шахсони ба истиқболомадаро ҳушдор сохт ки барои пешвозгирӣ ба баромадгоҳи дуюми павилиони (бошишгоҳ) тобистона ташриф оранд. Мо низ ба тарафи баромадгоҳи мазкур рафтем. Чун Ҳамроев ҳам чун худи мо дар либоси ғайринизомӣ буд, шубҳаеро ба бор намеовард. Ба ҳар ҳол онҳое, ки дар либоси низомӣ буданд, Ҳамроевро мешинохтанд. Лейтенант лаҳзае моро танҳо гузошта, ба тарафи дари баромадгоҳ рафт ва бо яке аз нафарони дар пеши дари баромадгоҳ буда, ки рутбаи сержант дошт, чизе гуфта боз ба назди мо баргашт.
-Ман аллакай ба сержант супориш додам, чун Қиёми Абдулхайр пайдо шуд, ӯ моро огоҳ хоҳад кард.
-Чӣ вай ба назди мо меояд?
-Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ капитан.
-Пас ӯ чи тавр моро огоҳ мекунад, гумон накунед, ки Қиёми Абдулхайр марди содда аст.
-Метавонед осуда бошед, мо ҳам чандон содда нестем. Аслан шумо метавонед ана дар самти муқобил истед ва хоҳед дид, ки милисаҳои дар фурудгоҳ буда низ нони хешро ҳалол карда мехӯранд.
-Хоҳиш мекунам, наранҷед, вале рафти амалиёт худ тақозо мекунад, ки вай назоратро аз қафояш пай набарад.

пешина
аз 429
навбатӣ