Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Намебарад ва шумо хоҳед дид, ки назоратро пай намебарад.
-Бисёр хуб, - гуён ману Бахтиёри Қурбоналӣ ҳам каме аз ҳамдигар дуртар мавқеи хешро дар байни пешвозгирандагон интихоб намуда, интизори омадани мусофирон шудем.
Баъди бист дақиқаи фурудоии тайёра аввалин мусофирони аз Бишкек омада сангари охирини сарҳади давлатиро, ки кормандони мақомтҳои гумруку милиса ҳимояи онро ба душ доштанд, убур намуда, пой ба хоки муқаддаси диёр гузоштанд. Ҳамин ҳолат дар байни пешвозгирандагон низ як ғалоғӯлаеро ба бор овард, вале ин на ғалоғӯлае буд, ки оромии шабонаро халалдор созад...
Аз се ду ҳиссаи мусофирон аз баромадгоҳ берун омад, вале аз нафаре, ки мо ба суроғаш омада будем, дарак набуд. Гумон намудем, ки сержант ба хунукназарие роҳ додаву шахси боиси таваҷҷуҳи моро бедор намуда аз наздаш бемалол гузашта рафтааст. Тайи ин муддат аксари мусофирон ва пешвозгирандагон аз майдончаи пеши фурудгоҳ рафтанд. Ҳамагӣ дар майдонча на беш аз бист-сӣ нафар монда буд, ҳол он ки лаҳзаи ба он ҷо ташриф оварданамон беш аз дусад-дусаду панҷоҳ нафар одамон интизори омадани мусофирон буданд. Ба ҳар ҳол бо ишораи ман Бахтиёри Қурбоналӣ боз каме дуртар рафт. Аз як тараф кам шудани мардуми ба пешвозомада кори моро осон мекард, вале аз тарафи дигар маҳз ҳамин холишавии майдон мушкилотеро ба бор меовард.
Мушкилот аслан он буд, ки Қиёми Абдулхайр метавонист назоратро аз қафояш пай барад ва ин баробари шикасти амалиёт
18 буд. Соати 22 дақиқа сержанти дар пеши дари баромадгоҳ буда баъди аз наздаш гузаштани нафаре, ки дар тан боронии ранги кабуд ва дар дасташ ҷомадони ҳамранги борониаш дошт, бо дасти чап кӯлоҳашро бардошта, бо дасти рост мӯйи қафои сарашро молиш дод. Чунин амалро аслан ӯ метавонист бе бардоштани кӯлоҳ ҳам анҷом диҳад, вале...
Дар ҳоле ки ман ҳанӯз нигоҳамро аз самти дари баромадгоҳ наканда будам, марде аз дохили он издиҳоми хурд ба истиқболи нафари дар боло зикраш рафта баромад ва онҳо гарм вохӯрӣ намуданд.
Нафари ба истиқболомада аз мусофир на камтар аз понздаҳ сол калонтар буду дар тан нимпалтои чармини сиёҳ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё