Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар ҳоле ки банда ҳанӯз нигоҳамро аз ин манзара наканда будам, лейтенанти милиса Ҳамроев дар паҳлуям рост шуда бо овози на чандон шунаво гуфт:
- Ӯро шинохтед?
-Сержанти шумо ҳам бало будааст, рафиқ лейтенант.
-Чӣ хеле гуфтам, мо ҳам чандон содда нестем.
-Ман қоил.
-Боз ягон хизмат ҳаст?
-Не, ташаккур ба шумо! - гӯён ман бо Ҳамроев худоҳофизӣ намудам ва аз қафои Қиёми Абдулхайр шудам. Роҳравон Бахтиёр ҳам паҳлуи ман рост шуда, нақшаи минбаъдаи кориамонро пурсон шуд.
-Мошинро омода соз, то бубинем эшонро чӣ фикру зикре дар сар аст.
-Хуб шудааст, - гуён Бахтиёр ба тарафи истгоҳ рафт.
Ба бахти мо буд ё не, вале Қиёми Абдулхайр дар истгоҳ ҳамроҳи нафари ба истиқболаш омада хеле баҳс намуд. Афсӯс бар он хӯрдам, ки рафти суҳбати онҳоро нафаҳмидам, вале ҳаминаш кофӣ буд, ки симои нафари ба пешвози ӯ омадаро хеле хуб дар ёд гирифтам. Ниҳоят онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Нафари ба истиқболи мусофир омада ба самти дигари роҳ гузашт. Худи мусофир бошад, ба ҷои исти таксиҳо ҳаракат намуда, аз қафои чанд нафар корафтодагони дар навбат буда қарор гирифт ва танҳо баъди панҷшаш дақиқа дар таксии ҳаштум нишаст.
Дар чорроҳаи аввалин ману Бахтиёри Қурбоналӣ низ аз қафои таксие, ки объект дар дохили он буд, рост шудем. Чун таксӣ дар кӯчаи Айнӣ рост шуд, банда тариқи телефон ба иҷрочии вазифаи сардори ШКД гузориш дода, мавқеи эшонро оид ба ҳаракатҳои минбаъдаамон фаҳмидан хостам.
-Ӯро пайгирӣ намоед, дар ҳолати ба кӯчаи Бинокорон рафтанаш ба вай халал нарасонед.
-О, ин чӣ хел мешавад, рафту...
-Нағз мешавад, муҳим он аст ки садди роҳи вай нашавед.
Баъди бисту се дақиқаи пайгирӣ таксӣ дар рӯ ба рӯи бинои 67/3-и кӯчаи Бинокорон бозистод ва мусофир бо ронанда ҳисобӣ намуда, ба тарафи даромадгоҳи дуюми бино ҳаракат намуд...
...23...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё