Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-О, ин чӣ хел мешавад? - баробари вориди дафтари кории Раҷабов шудан гуфтам ман.
-Нағз мешавад, ҳамааш нағз мешавад, - гӯён Сафар Бобохонович бо ишораи даст курсиеро ба ман нишон дод.
-Мо Матлубаи Гурзеро бо дасти хеш ба чанголи гург партофтем.
-Боке нест.
-Шуморо ҳеҷ нафаҳмида истодаам, рафиқ подполковник.
-Ҳамон модагурги мегуфтаатон қариб буд гулӯи он гурги бечора бидарад.
-Манбаи хабар кист?
-Тугмачаҳои сабти овоз.
-Жучок.
-Бале.
-Кай онҳоро насб намудед?
-Баъди рафтани шумо ба фурудгоҳ.
-Дар ин бора Матлубаи Гурез медонад?
-Не.
-Пас чӣ тавр тугмачаҳоро насб намудед?
-Бо супориши банда Матлубаи Гурезро барои огоҳ намудан ба пункти тартиботи ҷамъиятии рақами панҷ даъват намуданд. Тайи ним соате, ки ӯ дар хона набуд, шербачаҳои мо бемалол вориди хона шуда, бо тугмачаҳо хонаро “гулборон” намуданд.
-Пас шумо сабти овозро гӯш намудед?
-Не, вале лейтенанти калон Хайруллоҳи Ашӯр, ки ҳамроҳи шербачаҳояш дар камингоҳ оромии он ду нафарро посбонӣ доранд, тариқи мухобира бандаро бо рафти ҳодисаҳо огоҳ намуд.
-Пас мо метавонем осуда бошем.
-Албатта.
-Гуфтед, ки модагург қариб буд гулӯи наринаи хеш бидарад.
-Ҳамин хел. Рафту Қиёми Абдулхайрро калид дар ҷайб намебуд, имшаб дар кӯча мемонд.
-Баъди он ҳама огоҳкунии шумо.
-Бале.
-Дузди зӯр соҳиби говро бастааст гӯед.
-Айнан то ҷое, ки банда итилло гирифтам, лаҳзаҳои аввали вохӯрӣ зану шавҳар чунин шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё