Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Қиёми Абдулхайр ба ҳамин ин тоқат намудааст.
-Ба фикрам, ӯ худро ба гирдоби дигаре партофтанӣ нест. Аз он чӣ ки гурӯҳи Хайруллоҳи Ашӯр ба даҳон об гирифтаанд, маълум ки ҳама ҷо тинҷиву оромист.
-Сад макр кунад шайтон, шогирди занон бошад.
-Мағзи гапро гуфтед. Хуш акнун мегуфтед, ки дар фурудгоҳ чӣ дидед?
Ман асли воқеаро ба таври мухтасар ба самъи и.в. сардори ШКД расонидам.
-Он мардро нашинохтед?
-Не.
Спартак аз ҷувздони мизи кориаш чанд расмеро бароварда ба тарафи ман дароз намуда гуфт: - Канӣ як бубинед?
Расмҳоро гирифта нигоҳамро ба онҳо дӯхтам, вале касеро аз он расмҳои пешниҳоднамуда нашинохтам.
-Ин тавр бошад, то субҳ истироҳат намоед, - гӯён муовини сардор ба суҳбат нуқта гузошт.
-Ман метавонам ба хона равам.
-Албатта, вале сари субҳ барвақтар биёед.
Вақте ки ман аз дафтари кории Раҷабов мебаромадам, чашмам
42 ба соати калони девории болои дараш бархӯрд. Ақрабаки соат 23 дақиқаро нишон медод. Новобаста ба дерии вақт ман дар дақиқаҳои аввали рӯзи нав ба хона омадам...
...24...
Новобаста аз он ки чашми рӯз ҳануз накафидаю ман ба коргоҳ омадам, вале дер намудани хешро дар ҳодисаҳои рӯзи гузашта дарк намудам. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳангоми вориди бинои коргоҳ шудан чашмам ба мусоҳиби дирӯзаам Матлубаи Гурез бархӯрд. Ӯ баробари дидани ман аз ҷояш бархест, гумон намудам, ки бо шиноси дирӯзааш рози дил мекунад, вале дар нигоҳи сарду хомӯшаш ба ҷуз нафрат дигар чизеро дарнаёфтам. Дар ҳамин як нигоҳи кӯтоҳ ман дар зери чашми росташ сиёҳии на чандон калонеро дида, ба хулосае омадам, ки зарбазан чапдаст будааст. Дурустараш Қиёми Абдулхайр худаш имшаб суханони дирӯзаи ҳамсарашро, ки ӯро левша гуфта буд тасдиқ намуд. Дар қисми навбатдорӣ ба ман гуфтанд, ки он чӣ, ки дар зери чашми бону дидаам, аз нӯги хамир фатир аст.

пешина
аз 429
навбатӣ