Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Нафаҳмидам.
-Ин модагург шавҳарашро қариб ба он дунё фиристода буд.
-Чӣ?
-Он чӣ ки шунидед. Модагург қариб шавҳарашро ба ҷаҳаннам фиристода буд. Хайрият, ки ӯро ба беморхона бурданду ҷароҳати сарашро бастанд.
-Ҳоло он кас дар куҷо?
-Дар дафтари кории Раҷабов. Муфаттиши прокуратура ҳам он ҷост.
-Пас чаро маро огоҳ накардед?
-Ҳодиса ҳамагӣ ним соат пас аз рафтани шумо рух дод. Ман хостам ба шумо занг занам, вале худи Сафар Бобохонович монеъ шуда гуфт ки шуморо ташвиш надиҳем, - гунаҳкорона узр пеш овард навбатдор Хоҷаев
-Муфаттишро ҳам шумо даъват намудед.
-Бале ман, чунки модагург бо як зарба қариб шавҳарашро ба он дунё фиристода буд, рафту агар ба вай ягон ҳодиса рух медод, мо ҳама ба бало мемондем, магар ман ғайриқонунӣ рафтор намудам.
-Не, ҳамааш дуруст, - гӯён ман аз қисми навбатдорӣ баромада ба тарафи дафтари кории муовини сардор ҳаракат намудам.
-Ҳа, омадед? - аз рӯ ба рӯям баромада пурсид лейтенанти калони милиса Хайруллоҳи Ашӯр.
-Чӣ хеле мебинед.
-Қариб дар бало монда будем, рафиқ капитан.
-Чӣ гап шуд?
-Биё беҳтараш ба саҳни ҳавлӣ бароем.
-Рафтем.
-Хайрулло, ман қариб ки ҳеҷ чизро нафаҳмидам.
-Мо худамон ҳам қариб чизеро нафаҳмидем. Дар дақиқаҳои аввали рӯзи нав яку якбора доду фарёд зиёд шуд, гумон намудем, ки шавҳараш модагургро кушт. Ба ёриаш шитофтем, чунки барои эҳтиёт калиди эҳтиёти хонаро дар даст доштем. Дарро кушода мардро оғӯштаи хун дидем ва ҳатто омадани “Ёрии таъҷилӣ”- ро интизор нашуда, ӯро дар мошини Тоҳир Солиев ба беморхона бурдем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё