Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Роҳравон тариқи мухобира банда навбатдорро аз рафти ҳодисаҳои рухдода огоҳ намудам. Баъди ним соати дар беморхона буданамон муфаттиши прокуратура ба беморхона омад, вале духтурон ба вай рухсати суҳбат карданро надоданд. Соате пештар бо розигии духтурон мо ӯро ба милиса овардем. Хайрият ҳодисае рух надод, вагарна номи милиса доғдор мешуд.
Милиса ҳам чун ҷаҳон аст, мо меоему меравем, вале милиса ҷовидона аст, мардумони дар ҳолати ногувор монда бо умед ба ин даргоҳ меоянд, то кормандони ин ҷо мӯйро аз хамир ҷудо намуда, ҳақро ба ҳақдор расонанд, вале афсӯс, ки на ҳама инро мефаҳманд.
-Ҷангал бе хор нест.
-Албатта, вале аз ёд набароред, ки як гови р.... як подаро бадном месозад.
-Онҳое, ки бо нияти бад барои кор ба милиса меоянд, дер ё зуд шарманда мешаванд, мисли оне ки моҳе пештар муовини сардори
15 раёсати шаҳрӣ Масрури Мӯсоро чунин шармандагӣ “насиб” гашт.
Баъди каме аз рафти воқеаҳо огоҳ шудан бо Хайруллоҳи Ашӯр худоҳофизӣ намуда ба дафтари кории Раҷабов рафтам.
-Хайрият омадед, - баробари дидани банда овоз рӯшан намуд муовини сардор.
-Ҳа, хеле дер мондед, рафиқ капитан, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиши прокуратура, ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм Нӯшини Азиз, ки ин субҳ дар либоси низомӣ буд.
-Ба фикрам, мо аз боварӣ баромадем.
-Баръакс, аз рӯи эҳтиром мо нахостем шуморо дар шаб ташвиш диҳем, сухани бандаро шунида гуфт Сафар Бобохонович.
-Марҳамат, шинос шавед, ин кас Қиёми Абдулхайр, - марди дар рӯ ба рӯяш нишастаро, ки аз се як ҳиссаи сараш докапеч буд, баҳри банда муаррифӣ намуд муфаттиш.
-Капитани милиса Сорбони Ҳомид, - гӯён ман ба курсие дуртар аз муфаттиш нишастам.
-Бо иҷозати шумо, рафиқ подполковник, - гӯён муфаттиш ба тарафи Раҷабов нигарист.
-Марҳамат.
Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “Афлотун дӯсти ман аст...”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё