Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиши прокуратура хомаро ба даст гирифта, болои лисони дар пешаш буда чизе навишт ва дар интиҳо гулӯ рӯшан намуд:
-Рафту агар мо шуморо дуруст фаҳмида бошем, шуморо рақибе нест, ки қасд ба ҷонатон намояд.
-Ман ин хел нагуфтам.
-Набошад, нигоҳи хешро ба ҳодисаи рухдода баён намоед.
-Дар тиҷорат ҳар кор шуданаш мумкин, шояд банда низ садди роҳи касе шуда бошам, вале худам инро то кунун дарк накардаам.
Қасд ба ҷони кӣ равон шудааст, чизе гуфта наметавонам. Вале аз ҳодисаи дар даҳлези хонаамон рухдода дар шигифтам. Рафту агар тир қалби маро мешикофт, беҳтар буд, чунки қотил акнун руҳи маро шикаст.
-Гуфтед, намедонед, садди роҳи кӣ гаштаед?
-Ҳамин хел аст.
-То ҳодисаи мазкур ҳам касе дар ин бора даъвое пешниҳод накард?
-Не.
-Дар ин бора тафтишот далелҳои дигаре дар даст дорад, ба хилофи нишондоди шумо.
-Намедонам.
-То ҷое ки мо огоҳ ҳастем, оғози нокомиҳои шумо хеле пештар - аз замоне, ки ҳамсаратонро ба гарав гирифтаанд ва ё аз он вақте ки пиратонро ҳадафи тир қарор додаанд, сар шуда...
-Гумон намекунам.
-Яъне, ки пайвастагиеро дар ҳамин ин ҳодисаҳо, ки оқибаташ фоҷиабор шуд, намебинед?
-Ҳамааш ҳамин хел аст.
-Дар ин сурат моро лозим меояд, ки ба ҳар як суоли хеш дар алоҳидагӣ посух бигирем.
-Ихтиёратон, вале ман ягон алоқаеро дар ҳамаи ин ҳолатҳо намебинам.
-Ба рафти ҳодисаҳо мо баҳо медиҳем, шумо бошад бояд ба ҳар як суол посухи мушаххас диҳед, дар акси ҳол андешаҳои мо дар атрофи худи шумо дигар хоҳад шуд.
-Магар аз дурӯғ гуфтан барои ман нафъе ҳаст?
-Намедонам.

пешина
аз 429
навбатӣ