Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба ҷои он ки шумо гунаҳкори асосиро пурсед, аз гиребони банда гирфтан мехоҳед.
-Албатта, бузро ба пойи худаш меовезанду гӯсфандро ба пойи худаш. Нафареро ки шумо гунаҳкор медонед, тайи ин муддат мо чандин маротиба пурсидем ва айни вақт ӯ низ дар ҳамин бино интизори пурсиши навбатист. Гуноҳи кадоме аз шумо дар ҳодисаҳои рухдода бештар аст, рафти тафтишот муайян хоҳад кард. Акнун мегуфтед, ки кай, дар куҷо ва ба кадом сабаб ҳамсаратонро ба гарав гирифтанд?
-Тахминан чор моҳ пештар ин ҳодиса рух дод ва гуноҳи банда ҳамин ки ӯро бо баҳои ҷон харидам. Рафту агар медонистам, ки вай ба ман хиёнат мекунад, асло ӯро аз он варта берун намеовардам.
-Аз суоли гузоштаи банда хеле дур рафтед, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиши прокуратура.
-Чӣ хел дур? Охир ман асли воқеаро гуфтам, ба ивази ҳама некиҳоям бубинед ӯ ба ман чиҳо кард, бо ангушташ ба сари докапечаш ишора намуд Қиёми Абдулхайр.
-Такрор мекунам, кай дар куҷо ва ба кадом сабаб ҳамсаратонро ба гарав гирифтанд?
-Рӯзаш дар ёдам нест, вале дар аввалҳои моҳи август буд, чӣ хеле ки баъдтар аз забони худаш шунидам, ӯро дар рӯзи рӯшан аз кӯча рабудаанд, сабабашро намедонам. Шояд ӯро ба гарав ҳам нагирифта бошанд, балки вай худаш ҳамаи ин корро ташкил намуда.
-Чӣ тавр одам худашро ба гарав медиҳад?
-Гӯё намедонед, се шабонарӯз бо хушдораш гум мешаваду баҳри бастани дасту пой шавҳар арз мекунад, ки нафарони ношиносе ӯро ба гарав бурданд. Ба замми ин, бо ин амалаш шавҳарро маҷбур мекунад, ки баҳри амон мондани сараш ӯро бихарад.
-Яъне, ки ягон гаравгонгирӣ набуд?
-Гаравгонгирӣ буд, вале гаравгонгирии сохта. Ба ҳар ҳол, ин кор ба онҳо даст дод ва панҷоҳ ҳазор доллари бандаро ба ивази “некиҳояшон” аз ман кашида гирифтанд.
-Панҷоҳ ҳазор долларро?

пешина
аз 429
навбатӣ