Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бале, модоме ки шумо аз вай пурсидед, ки дар дасти гаравгонгирандагон чӣ азобе дошт, пас бояд мепурсидед, ки бо кадом нарх ӯро аз он варта берун оварданд?
-Маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, акси гуфтаҳои шумоянд.
-Албатта, баъди чунин корнамоиҳояш дигар чӣ ҳам мегуфт.
-Мефаҳмед лои хушк ба девор намечаспад, дер ё зуд мо гиреҳи ин калобаро ҳам хоҳем кушод.
-Кош ҳамин хел шавад.
-Акнун гӯед, ки баъди ба гарав гирифтан кӣ аз шумо маблағ талаб кард ва он маблағро дар куҷо ба кӣ додед? Оё шумо онҳоеро, ки маблағи додаи шуморо гирифтанд, мешиносед?
-Сараввал баъди панҷ-шаш соати гумшавии ҳамсарам нафаре ба ман занг зада гуфт, ки агар ҳамсаратро гирифтан хоҳӣ, панҷоҳ ҳазор доллари амрикоиро тайёр намо. Сипас гӯшакро ба ҳамсарам доданд ва ӯ тасдиқ кард, ки гаравгонгирҳо вайро дар кадом як таҳхонае нигоҳ медоранд ва илтиҷо намуд, ки илоҷе намуда, ӯро аз дасти онҳо раҳо намоям. Дар ин асно боз телефонро аз дасти ӯ гирифтанд ва гуфтанд, ки агар ҳамсарамро зинда дидан хоҳам, номи милисаро фаромӯш намуда, аз пайи дарёфти маблағ шавам.
Чун гуфтам, ки баҳри ёфтани чунин маблағ вақт лозим, онҳо маро ҳушдор сохтанд, ки ба ягон ҷо шитоб надоранд ва албатта, боз занг хоҳанд зад. Сипас баъди ду шабонарӯз онҳо аз нав занг заданд, ин дар ҳолате буд, ки ман аллакай он маблағи талабнамудаашонро гирд оварда будам. Сипас чун фаҳмиданд ки ман барои додани он маблағ розиам гӯшакро боз ба дасти ҳамсарам доданд, то боварӣ ҳосил намоям, ки ӯ сиҳату саломат аст. Баъди ин онҳо амр намуданд, ки ним соат пас ба болои кӯпруки калоне, ки аз самти бозори “Баракат” ба тарафи беморхонаи Қарияи Боло меравад бароям, пулҳоро бошад дар панҷ баста ба дохили халтаи селофание гузорам ва се дақиқа пеш аз оғози азони пешин халтаро дар дасти чапам дошта, ду метр аз роҳи пиёдагард ба тарафи роҳи автомобилгард баромада, ба қафоям нанигариста, ба тарафи “Боғи ҳайвонот” ҳаракат намоям ва чун мошини аз қафоям омада дар паҳлуям истод, бе ягон гапи зиёдатӣ вориди он шавам. Дар ҳолати ба ягон хатое роҳ додан дигар ҳамсарамро зинда нахоҳам дид. Ҳа, дарвоқеъ, онҳо амр намуданд, ки халтаи селофанӣ бояд ранги сафед дошта бошаду дар он акси пиёлаи қаҳва кашида шуда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё