Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Пас чӣ шуд?
-Пурсидам, ки чунин халтаро аз куҷо дарёбам. Онҳо гуфтанд, ки дар дӯкони рӯ ба рӯи бозори “Баракат” онро гирифтанам мумкин. Аз он ҷо бошад то болои кӯпрук ҳамагӣ ду дақиқа роҳ.
-Давом диҳед!
-Ман дар вақти таъиншуда ба ҳамон ҷои гуфтаашон рафтам ва аз ҳамон дӯкон айнан чунин як халтаи селофанӣ гирифтем. Гумон намудам ки онҳо аз қафоям назорат мебаранд, барои ҳамин ҳам аз дохили халтаи сиёҳи дар дастам буда он панҷ бастаро бароварда ба халтаи нав гузоштам. Дар ҳамин лаҳза аз масҷид овози азон баланд шуд. Гумон намудам, ки аз вохӯрӣ дер мондам ва халтаро ба дасти чапам гирифта, дар роҳи мошингард ба тарафи кӯпрук давидам. Гумон доштам, ки онҳо ҳатман маро дар болои кӯпрук интизор мешаванд...
-Гап занед, мо гӯш мекунем, - боз мусоҳибашро барои давом додани суҳбат ҳидоят намуд Нӯшини Азиз.
-Мумкин як об нушида биёям, - хоҳиш намуд Қиёми Абдулхайр.
-Ҳоло чой менӯшем, - гуфт муовини сардор ва тугмачаеро зер намуда, тариқи селектор аз котиба хоҳиш намуд, ки як чой биёрад.
-Хуш дар куҷо бозистодем?
-Халтаро ба дасти чап гирифта, дар роҳи мошингард ба тарафи кӯпрук давидед,-гуфтам ман.
-Ҳамааш айнан чунин буд. Гумон доштам, ки онҳо ҳатман маро дар болои кӯпрук интизор мешаванд, вале худ то кӯпрук ҳам нарасидам.
-Чӣ хел?
-Дар ҳолате ки ман медавидам, қариб ки бе садо мотосикле аз паҳлуям гузашт ва халтаи дар дастам бударо рабуда, чун тир аз наздам дур шуд. Ҳодиса ҳамон қадар ногаҳонӣ буд, ки ман ҳатто имконияти ба ёрӣ ҷеғ заданро наёфтам... Қариб буд девона шавам, вале боз худамро ба даст гирифтаму рӯи роҳ чун ҷисми беҷон карахт истодам. Намедонам ин ҳолат чанд давом кард, дар ҳамин асно мошини БДА аз тарафи бозори “Баракат” омад ва бандаро, ки қариб ба ними роҳи автомобилгард баромада будам, бо баландгӯяк танбеҳ дода, гузашта рафт. Аз он ҷо болои кӯпрук баромадам ва ҳамон хел лолу ҳайрон нигоҳамро ба ҳамон самте дӯхтам, ки мотосиклчӣ халтаи пулҳои овардаамро бо худ бурда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё