Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Котиба дарро кушоду Қиёми Абдулхайр боз ба даҳон об гирифт. Замира (котибаро чунин ном буд) чойнаки чой ва ду пиёларо болои миз пеши ман гузошта, боз ба тарафи дар ҳаракат намуд.
Ба ду пиёла чой рехта, яке аз он пиёлаҳоро назди мусоҳиби муфаттиш гузоштам.
Дар ин муддат муовини сардор тугмачаеро зер намуда, ба навбатдор супориш дод, ки баъди понздаҳ дақиқа ҳайати шахсӣ дар маҷлисгоҳ ҷамъ шаванд.
Қиёми Абдулхайр пиёлаи дар дасташ бударо ду - се маротиба ба лаб бурда, сипас боз лаҷоми суханро ба даст гирифт.
-Ман чун каме ба худ омадам, ба нею нестони духтур аҳамияте надода, аз беморхона баромадам. Хостам ба ҷои таъиннамудаи онҳое равам, ки Матлубаро ба гарав гирифта буданд, вале ҳамоно аз райъам гаштам, чунки ҳамсоя ба он ҷо рафта буд ва ба пиндори ҳамонлаҳзинаи банда бояд кайҳо ба беморхона меомаданд, вале аз онҳо ному нишоне набуд.
“Шояд ба хона рафта бошанд,”- аз дил гузаронидам ман ва аз саҳни беморхона ба тарафи роҳи калон ҳаракат намуда, таксиеро боздошта ба хона рафтам.
Тугмачаи занги дарро зер намудам, вале бе натиҷа. Сипас калидро аз ҷайб бароварда, дарро кушода вориди хона шудам. Аз ҳамсарам то кунун дараке набуд. Ман ҳар қадар кӯшиш намудам, ки бо ҳамсоя алоқаи телефонӣ барқарор намоям, вале дар гӯшак танҳо як суханро мешунидам:

  • Муштарӣ дастнорас аст...
    -Чаро бо телефони мобилии ҳамсаратон занг назадед ё ӯ телефон надошт?
    -Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳамсарам дар ҳамон рӯзи тақдирсоз телефонашро дар хона монда рафта буд. Тайи рӯзҳои дар Бишкек буданам ман сари ин масъала хеле андеша намудам ва дар он ҷо ба як суоли хеш аз нафаре посух гирифтам, ки аз рӯи телефон дар куҷо (бигузор одам дар ҳаммоми як гӯшаи шаҳр ҳам бошад) будани шахсро муайян кардан мумкин будааст. Дишаб, вақте ки ҳамин масъаларо ба ҳамсарам гуфта, ӯро дар ҳодисаи чор моҳ пештар рухдода гунаҳкор карданӣ шудам, вай бо тоба (сковоротка)-и дар болои плиткаи газ буда, ногаҳон ба сарам зад, ки...
пешина
аз 429
навбатӣ