Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аёнро ҳоҷат ба баён нест, - ба сари докапечи Қиёми Абдулхайр ишора намуда гуфт Раҷабов ва аз ҷой бархест.
-Ҳамин хел,-гӯён ҷабрдида пиёларо дубора ба даст гирифта, чойи кайҳо хунукшудаи онро то қатраи охиринаш ба ҳалқаш рехт.
-Маро ба маҷлис рафтанам лозим. Рафту зарурате пайдо шавад, ба ҷои банда капитани милиса Сорбони Ҳомид баҳри рафъи он чора хоҳад андешид, - гӯён Раҷабов аз дар баромад.
-Шумо нагуфтед, ки ҳамон рӯз ҳамсаратон кай ба хона омад?
-Расо соати шонздаҳ. Чун сабаб пурсидам, ҳамсоя ба ҷои ӯ ҷавоб гуфт, ки мушкилие пеш омад ва дар роҳ монданд. Он чӣ гуна мушкилот буда метавонед аз худаш пурсед.
-Албатта, мепурсем. Акнун дар бораи ҳодисаи ба сари Нозим Ятим омада чӣ гуфта метавонед?
-Дар ин бора ман панҷ сол пеш ҳамаашро ба муфаттиши прокуратураи ноҳияи Бӯстон гуфта будам.
-Мо медонем.
-Аз куҷо?
-Мо бо ҳамон парвандаи ҷиноятӣ шинос шудем, дурусттараш онро мавриди омӯзиш қарор додем.
-Гумон доред, ки Нозим Ятимро ҳам ман паронидам.
-Аслан дар ҳарду ҳодиса як пайвастагие ҳаст, ки мо аз он чашм пӯшида наметавонем.
-Чӣ хел пайвастагӣ?
-Гап дар сари он ки ҳамсояи шумо Мирзои Абдраззоқ бо ҳамон яроқе ба қатл расонида шудааст, ки панҷ сол пештар тариқи он Нозим Ятим ҳадафи тир қарор гирифта буд.
-Пас ҷавоби инро аз ман ҷӯё мешавед?
-Ҳодиса на ба он таврест, ки шумо гумон доред.
-Нафаҳмидам.
-Одамкушӣ ин авобошӣ нест, ки бе мақсаду мароме сар занад.
Ин дуздӣ ҳам нест, ки доллари рахаш ношикастаро дар кисаи мусофире мебинию тақдиратро санҷиданӣ шуда, оҳиста баҳри аз он ҷайб бурун овардани он даст мебарӣ. Ин ҷиноятест, ки ба он сарсарӣ назар намекунанд, модоме чунин аст, пас барои нафареро аз ҳаёт - аз он чӣ ки Худованд баҳраш додааст, маҳрум намудан бояд мақсаду мароми муайяне бошад, мақсади одӣ не, мақсади олӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ