Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

...
-Чаро хомӯш шудед?
-Чӣ гуфтанамро намедонам.
-Ҳарчанд ба ин суолҳо посух гуфтан душвортар аст, вале шуморо аз посух гуфтан роҳи гурез нест.
-Мефаҳмам.
-Дар аввали суҳбат гуфтед, ки новобаста аз он ки рақибе надоред, вале чун дар майдони тиҷорат буду бош доред, ҳама кор шуданаш мумкин. Бинобар ин, мо донистан мехостем, ки шумо чӣ хел ба ин майдон омадед?
-Тасодуфан, агар бовар накунед, дигар чизе гуфта наметавонам.
-Бигузор тасодуфан бошад, акнун шуморо лозим меояд, ки лаҳзаҳои аввали ба майдони тиҷорат қадам ниҳоданатонро бо ҷузъиёти хурдтаринаш ба ёд биёред.
-Боре ман таксиеро, дурусттараш мошини шахсиеро, ки дар болояш чароғаки таксӣ гузошта шуда буд, боздоштам. Таксӣ истод ва ман дари паҳлуи ронандаро кушодам, вале дар паҳлуи ронанда нафари дигаре менишаст. Гуфтам, ки ба тарафи Чорбоғ рафтаниам.
-Ба Чорбоғ? - пурсид нафаре, ки дар паҳлуи ронанда буд ва нигоҳашро ба сӯи ман дӯхт. Ҳарчанд ман вайро нашинохтам, вале таваҷҷуҳашро дар нисбати хеш ҳис намудам.
-Оё шумо ба худораҳматии акаи Абдулхайр ягон хешу таборед?
Чун дар маҳалаи Чорбоғ се Абдулхайр буд, пурсидам:
-Шумо кадом Абдулхайрро дар назар доред?
-Абдулхайри Кабирро, - гуфт мусоҳибам ва боз илова намуд, ки худораҳматӣ замоне сарварии автобазаи моро ба душ дошт.
Илоҳо ҷояш ҷанат шавад! - гӯён ҳамон мард омин гуфта даст ба рӯяш кашида, боз ба суханаш давом дод. -Афсӯс мо ба самти “Корвон” рафтанием. Рафту агар ба Чорбоғ рафтед, ҳатман аз номи Исмоили Ҳофиз ба аҳли хонадони акаи Абдулхайр саломи бандаро расонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё