Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мусоҳиби ман мехост, ки дари мошинро пӯшад, вале ман худам пешдастӣ карда, писари Абдулхайри Кабир мешавам гуфтам.
-Чӣ?
-Ман писари ҳамон нафаре ки ба некӣ ёдаш кардед.
Дар ҳамин асно ӯ худаш аз мошин фаромад ва панҷ сомонӣ ба дасти ронанда дода узр пурсид, ки писари дӯсташ яъне манро партофта рафта наметавонад. Сипас мо ҳар ду дар кӯча қадам задем ва дӯсти падарам аз фазилатҳои хуби қиблагоҳам хеле ҳарф зад. Ба ростӣ, баъди марги қиблагоҳам ӯ аввалин нафаре буд, ки дар борааш суханҳои нек мегуфт. Чун ӯ фаҳмид, ки банда дар ягон ҷо кор намекунам, ҳангоми хайрухуш рақами телефонашро дар пораи коғази аз пеши семечкафурӯш гирифтааш навишта, ба дастам дода гуфт, ки дар охири ҳафта ба вай занг занам...
Чун ба хона рафтам ва аз натиҷаи он вохӯрӣ модарамро огоҳ сохтам, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Модарам гуфт, ки номи нек инсонро зинда медорад ва қадри онҳоеро, ки падаратро мешинохтанд, донистан лозим.
Бо маслиҳати модарам ман рӯзи ҷумъа ба дӯсти падарам, ки андешаҳояш дар бораи қиблагоҳам мусбӣ буд, занг задам.
-Эй офарин, Қиёмуддин, хайрият занг мезадед,-гуфт дӯсти падарам ва хоҳиш кард, ки рӯзи душанбе соати даҳ маро дар ҳамон истгоҳи пеши “Садбарг” интизор мешавад.
Дар вақти таъиншуда ба истгоҳ рафтаму амаки Исмоилро он ҷо дидам. Ҳарчанд то соати даҳ боз панҷ дақиқа вақти дигар монда буд, вале аз дермонии хеш дар шигифт шуда узр пурсидам.
-Баръакс, ман аз он шодам, ки ту ҷавони принсипнок будаӣ, бубин панҷ дақиқа пеш аз вақти таъиншуда омадӣ, бо замона ҳамқадам будан шарт аст, вагарна дар нимароҳ танҳо мемонӣ, - гуфт амаки Исмоил ва даст бардошта таксиеро манъ намуд.
Дар роҳ ӯ бандаро ҳушдор сохт, ки ба назди як дӯсти падарам меравем ва ҳарчи эшон гуфт ман набояд сарпечӣ кунам. Баъди ним соат ё шояд камтар мо ба бозори “Корвон” расидем ва аз таксӣ фаромада ба тарафи бозор ҳаракат намудем. Дар бораи худат ман ба дӯсти падарат аллакай хабар додам, муҳим он аст, ки ту аз гуфтаи вай сар напечӣ, аз ёд набарор, ки сари пастро шамшер намебурад, - лаҳзае пеш аз ба назди дӯсти қиблагоҳам расидан дубора бандаро огоҳ намуда гуфт амаки Исмоил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ