Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Писари акаи Абдулхайр аст, гӯед, - баъди муаррифии банда аз ҷояш бархоста ба наздам омад дӯсти нави падарам ва бо ман гарм вохӯрӣ намуда, сипас курсиеро баҳри нишастанам нишон доду худаш ҳам ба паҳлуям нишаста гуфт:
-Агар мо писари акаамонро даст нагирем, киро даст мегирем.
Тайи солҳои бо ӯ кор кардан аҷаб давроне доштем, ё гапам нодуруст, Исмоилҷон?
-Дуруст раис, дуруст, - аз ҷояш қариб бархоста, дастҳо пеши бар саҷдаи эшонро ба ҷо овард амаки Исмоил.
-Қиёмуддин, чун худат ҷигарбанди бародари қиёматии мо ҳастӣ, новобаста аз он ки ҷои кори холӣ ҳаст ё нест, маҷбурем бароят коре ёфта диҳем. Аз ҳамин рӯз эътиборан худат дасти рости банда, - гуфт дӯсти нави падарам, ки дар бозор ё шояд дар як қисми хурди он хӯҷаини мутлақ буд.
Ман ҳам бо ишораи амаки Исмоил аз ҷоям бархеста, дастҳоямро пеши бар гирифта, изҳори миннатдорӣ намудам.
-Чаро намепурсӣ, ки мо чӣ коре баҳрат пешниҳод мекунем? - гуфт раис.
-Чун шумо дӯсти қиблагоҳам ҳастеду нисбати аҳли оилаи мо бе тафовут нестед ман барои иҷрои ҳама гуна супоришатон тайёрам, - раисро бовар кунонида гуфтам ман.
-Набошад гӯед, ки уштури сафедро дидед? - хандида гуфт раис.
-Не надидам.
-Мурғ чанд по дорад? - боз пурсид раис.
-Мурғҳои ҳозиразамон аслан по надоранд, - гуфтам ман, чунки дар ин бора амаки Исмоил бандаро огоҳ намуда буд ва ман ҳам аз рӯи таъбу завқи эшон ба суолҳояшон посух гуфтам...
-Бисёр хуб, чӣ хеле гуфтам, аз ҳамин рӯз эътиборан ту дасти рости банда ҳастӣ. Барои ин шарт нест, ҳар рӯз назди ман омада, рӯзро бегоҳ намоӣ. Акнун чун нияти ба майдони тиҷорат даромадан дорӣ, бояд дар ин майдон дӯкони хешро дошта бошӣ.
Дар ин бора Исмоилҷон ба худат ёрӣ медиҳад, то дӯконе баҳри хеш харида гирӣ.
-Охир ман чунин маблағ надорам.

пешина
аз 429
навбатӣ