Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Маблағашро мо медиҳем, - гуфт дӯсти қиблагоҳам.
Сипас ману амаки Исмоил тайи як ҳафта дӯкони фурӯшӣ кофтем ва дар бозори “Корвон” гӯшаи на чандон калонеро ба иҷора гирифтем. Соле пас он гӯшаро фурӯхта, дар худи ҳамон бозор дӯкони босалобаттаре харидам.
-Ба фикрам, дар тиҷорат коратон омад намуд, - луқма партофтам ман.
-Ман аз амаки Исмиол ва устоди бузургворам Нозим Ятим, ки дастамро дар тиҷорат рост намуда буданд, бисёр чизҳоро омӯхтам.
-Ҳоло амаки Исмоилат дар куҷо?
-Дар хонааш.
-Ӯ ба чӣ корҳо машғул аст?
-Ҳофиз ба чӣ корҳо машғул мешавад?
-Гумон намекунам, ки ӯ он қадар ҳофизи номдор бошад.
-Ҳарчӣ ҳам бошад ё набошад, ӯро барои обод намудани маъракаҳои оши наҳор даъват мекунанд.
-Ба маъракаҳои асосӣ чӣ?
-Репертуари амаки Исмоил хеле кӯҳна шудааст ва он ба насли имрӯза чандон писанд нест.
-Нафаҳмидам.
-Репертуари эшон аз замони бобою бобокалонаш мондагӣ ва онҳое, ки ба оши наҳор мераванд, парвои суруду мусиқиро ҳам надоранд...
-Боз ӯро чӣ ҳунаре ҳаст?
-Намедонам.
-Барои харидани дӯкон шумо аз дӯсти қиблагоҳатон чӣ қадар маблағ гирифтед?
-Ӯ тайи як сол пули иҷораи он гӯшаи бозорро пурра пардохт намуд.
-Аминам, ки шумо қарзҳои ӯро пардохтед.
-Албатта.
-Тиҷорати шумо аслан аз чӣ иборат аст?
-Тиҷорати мо дар замони дар қайди ҳаёт будани шодравон Нозим Ятим шакли унверсалӣ дошт. Аз чӯбу тахта то молҳои ҳаррӯзаи рӯзгор...
-Ҳоло чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ