Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Нозим Ятим ниҳоят марди корчаллон буд. Баъди марги вай банда ба қавле дубора сағира шудам. Аз ҳамин лиҳоз доираи фаъолиятам ҳам хеле маҳдуд гашт. Айни вақт дар дӯконе, ки ба ман тааллуқ дорад, танҳо молҳои саноатӣ, ки аз Дубай, Бишкек ва Урумчӣ оварда мешаванд, ба фурӯш гузошта шудаанд...
-Такрор ҳам шавад, боз бармегардем ба ҳамон саволи аввалаамон: - Мо донистан мехоҳем ки чаро қотил дар ҳарду ҳодиса ҳам аз як яроқ истифода бурдааст?
-Гуфтам-ку, намедонам.
-Аз рӯи маълумоте ки мо дар даст дорем, дар ҳақиқат фаъолияти Нозим Ятим шакли унверсалӣ доштааст ва ба ҷуз он чӣ ки шумо номбар намудед, эшон боз дар қочоқи маводи мухаддир низ даст доштааст... Шумо рост гуфтед, ки ӯ марди корчаллоне буд ва дар ин бора мо баҳс намекунем. Дар он бозии қисмат шумо чӣ нақше доштед, мо намедонем, вале итминони комил дорем, ки худи шумо ҳам аз он осиё (осиёб) бе гард набаромадаед. Шумо рост гуфтед, ки дар тиҷорат ҳар кор шуданаш мумкин, вале нагуфтед, ки дар ҳолате ки садди роҳи касе мешавӣ ё ба моли нафаре, ки бароят амонат гузоштаанд, хиёнат мекунӣ. Мо итминони комил дорем, ки Нозим Ятим ба амонати касе хиёнат карда ва ё нафаре, ки қасд ба ҷонаш намуд, аз ӯ ба маблағи калон қарзидор буду бо як тир ду нишон задан хост...
Дӯсти қиблагоҳатон на танҳо шуморо даст гирифт, балки нафари дигареро низ даст гирифтан хостааст, вале ӯ чун шумо ба шартҳои эшон розӣ нашудааст, чунки вай аз шутури дидааш чашм пӯшида натавонистааст ва баҳри завқи эшон ду пой доштани мурғро инкор накардааст,-ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфтам ман.
...
Чун мусоҳибамон сар ба зер афканда, ба даҳон об гирифт, банда дубора ба ҳуҷум гузашта гуфтам:

  • Дар асл тире ки дар долони хонаатон синаи ҳамсояро шикофт, бояд қалби шуморо сӯрох мекард, дар акси ҳол шумо худ супоришдиҳанда дар қатли вай ҳастед. Не, нагӯед, чунки барои аз байн бардоштани вай шумо асосҳои кофӣ доштед.
    -Чӣ хел асос?
    -Шумо хиёнати ҳамсарро дида, ба қотил супориш додед, ки дар набуданатон рақибатонро аз байн бардорад.
пешина
аз 429
навбатӣ