Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Барои ин басанда буд, ки ман аз ҳамсарам ҷудо шавам. Охир шумо худ гуфтед, ки одамкушӣ ин авбошӣ ё дуздӣ нест, пас чаро ман ҳаёти хешро дар хатар гузошта, қасд ба ҷони рақибам мекардам, модоме ки имконияти пурраи аз ӯ ҷудо шуданро доштам.
-Шояд ин ҳамаро якчанд сабаб буд, пеш аз ҳама дар ҳолати ба таври қонунӣ ҷудо шудан ҳамаи амволи шумо ду тақсим мешуд.
Ин бошад ба шумо маъқул набуд.
-Ин беҳтар аз он аст, ки бандаро ба муддати тӯлонӣ дар паси панҷара шинонанд. Новобаста аз он ки ман дар ҳолати ҷудошавии расмӣ аз ҳамсарам ними амволамро аз даст медодам, вале ин бароям фоҷиа намешуд, чунки худораҳматии қиблагоҳам ҳамеша мегуфт: “Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест”.
-Беҳтарин далел.
-Ман намедонам, ки чӣ хел собит намоям, ки гуноҳе надорам.
-Ин чандон душвор нест.
-Чӣ хел?
-Мо донистан мехоҳем, ки оё Нозим Ятим дар қочоқи маводи мухаддир даст дошт?
-Намедонам, вале тиҷорати вай ҳамарӯза ҳайратовар боло мерафт.
-Ин ҳанӯз ҷавоб нест, агар хоҳед, ки мо шуморо даст бигирем, худро чун бемор вонамуд созеду моро чун духтур бубинед.
-Рафту ман бемор набошам-чӣ?
-Дар он сурат мо маҷбур мешавем, ки шуморо аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаронем, вале пеш аз оғози ташхис бояд донед, ки нурҳои рентгенӣ ба ҷуз нафъ овардан ба саломатӣ боз зарар ҳам доранд...
-Ихтиёр шуморост.
-Як савол, на барои протокол, - ба тарафи муфаттиш нигариста гуфтам ман.
-Марҳамат.
-Дар Чорбоғ ҳавлӣ доред, ҳамин хел?
-Бале.
-Оё ҳуҷраи дар кӯчаи Бинокорон доштаатонро тариқи реклом дарёфтед ё тариқи ягон шинос?
-Магар ин ба рафти ҳодисаҳо ягон пайвастагие дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ