Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шумо хуб мешуд, ки ба савол посух мегуфтед.
-Ҳуҷраи дар кӯчаи Бинокорон бударо бароямон амаки Исмоил ёфт, ҳарчанд ман дар фикри хона гирифтан ҳам набудам, вале он кас гуфтанд, ки соҳиби хона аз рӯи зарурият онро фурӯхтанист ва бо чунин нарх хона ёфтан дар шароити кунуни амри муҳол аст.
-Он чӣ зарурате будааст, албатта, ба шумо нагуфт?
-Не нагуфт. Муҳим он буд, ки мо он хонаро харидем ва чун ситораи ҳамсарам бо модарам дар ҳавлии Чорбоғ рост наомад, се сол пеш ба он ҷо кӯчидем.
-Хонаро кай харида будед?
-Ду моҳ пеш аз марги устоди бузургворам Нозим Ятим.
-То ба он манзил кӯчида омаданатон ягон кас дар он ҷо иқомат дошт?
-Ҳа, як тоҷири афғон, вале шумо гумон накунед, ки ман аз ӯ иҷорапулӣ гирифтам.
-Чун хона моли шахсии шумост, бояд мегирифтед, қонун инро манъ намекунад, бояд иҷорапулиро мегирифтед.
-Он кас шиноси акаи Исмоил буданд, пас чӣ тавр метавонистам аз онҳо иҷорапулӣ гирам?
Қиёми Абдулхайр боз ба чанд суоли мо дилу бедилон пурра ё қисман посух гуфта, бо ману муфаттиш худоҳофизӣ намуд...
...25...
-Канӣ вай? - баробари аз дар даромадан ману муфаттишро сари суҳбат дида пурсид Раҷабов.
-Рафт.
-Ба куҷо?
-Ба беморхона.
-Чӣ, ӯро ҷавоб надоданд?
-Не, акнун ӯ мекӯшад, ҳар чи бештар собиқ ҳамсарашро дар расонидани зарари ҷисмонӣ гунаҳкор намояд.
-Аминам, ки ба ҳама саволҳоятон посух гирифтед.
-Ба ҳамааш-ку не, вале ба нисфи он саволҳо посух гуфт, ҳарчанд ҳар як посухи гуфтааш боз санҷишро мехоҳад.
-Санҷишро?
-Бале.
-Аз кадом лиҳоз?

пешина
аз 429
навбатӣ