Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Намедонам.
-Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. Рафту агар қасд ба ҷони вай намуда бошанд, аз ҳамин лиҳоз намудаанд.
-Мо доираи ёру шиносҳои вайро аз нигоҳи шумо донистан мехоҳем.
-Гуфтам-ку, чун ӯ марди солор буду банда духтараки аз макру фиреб бехабар, ҳама вохӯриҳоямон характери пинҳонӣ дошт. Он замонҳо ман не, балки худи вай аз атрофиён дурӣ меҷуст.
-Яъне, ки дар ин ҷода мо ба шумо умед баста наметавонем?
-Афсӯс ки чунин аст. Исто, ки чаро дар ин бора аз ҳамсари қонуниаш напурсидед?
-Чунки дарду интиҳои вай дар нисбати шумо бештар аст.
-Дар нисбати ман?
-Ҳа, дар нисбати шумо.
-Ё тавба, ҳеҷ чизро намефаҳмам.
Ман маҷбур шудам, ки ин дафъа асли воқеаро байён намоям.
-Ӯро дар долони хонаи ҳамсоя парондаанд?
-Чӣ хеле гуфтам.
-Ӯ дар соати чори шаб дар он долон чӣ меҷустааст?
-Муҳаббат.
-Муҳаббат бо зани ҳамсоя?
-Бале.
-Вай зани озод будааст?
-Мутаассифона, не.
-Шояд, шавҳари ҳамон зан бо ӯ ҳисобашро баробар намудааст.
-Не, ӯ он шаб умуман дар шаҳр набудааст.
-Яъне, ки алиби дорад?
-Дорад ва боз чӣ хел.
-Ба ростӣ, дигар ман ҳам чизе гуфта наметавонам, вале итмонони комил дорад, ки оҳи дили зани муштипаре ӯро гирифта.
-Рафту агар ягон хабаре ба даст овардед, ана бо ин телефон (ман рақами телефонамро навишта ба дасташ додам) ба ман занг занед, - гӯён бо мусоҳибам худоҳофизи намудам...
...7...
Натиҷаи ташхиси баластикӣ як такони ҷиддиеро дар рафти минбаъдаи тафтишот ба бор овард. Дар хулосаи ташхис омада буд, ки гилзаи 7,62 мм аз ҷойи ҳодиса ёфт шуда аз яроқе берун омдааст, ки панҷ сол пеш тариқи он тоҷир Нозими Ятим ба қатл расонида шуда буд.

пешина
аз 429
навбатӣ