Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳарчанд куштори тоҷир дар ноҳияи Бӯстон ба амал омада бошад ҳам, вале то кунун хабарномаҳои оперативӣ оиди он ҳодиса ҷузвдонҳои кормандони фаврии тамоми шаҳру навоҳии мамлакатро “оро” медод.
Чун то кунун куштори тоҷир Нозими Ятим дар нимароҳ буд, моро лозим меомад ки бо ҳамкорони хеш аз ноҳияи Бӯстон алоқа намуда, бо маводҳои гирдовардаи онҳо дурусттар шинос шавем.
Ҳамин тарафи корро ин дафъа Спартак, ки бинобар дар рухсатии меҳнатӣ будани Ҳамид Ҷовид вазифаи иҷрокунандаи сардори ШКД-ро низ ба душ дошт, ба зиммаи лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф, ки ҳамагӣ моҳе пештар ӯро ба вазифаи ваколатдори ККҶ қабул намуда буданд, вогузошт. Бояд иқрор шуд, ки Абдурашид дар ШКД-и ноҳияи Сарчашма корманди нав набуд. Ӯ то ба ин вазифа омадан муддате вазифаи нозир ва сарнозири минтақавиро ба душ дошт. Ба милиса омадани Абдурашид дар ёди ман монда буд, чунки ӯ ҳатто ҳамин унвони лейтенанти калонро ҳангоми хизмат дар Гвардияи миллӣ гирифта буд. Бо кадом сабаб ӯ аз гвардия ба милиса омад, касе намедонист, вале тӯли қариб ду соли кори якҷоя мо ӯро танҳо чун ҷавони қобилиятнок шинохтем. Дишаб ҳамин тарафи корро Сафар Бобохонович ба зиммаи собиқ афсари гвардия гузошт ва чун имшаб дар вохӯрии навбати ӯ аз супориши гирифтааш гузориш дод...
То ҷое, ки аз гузориши ҳамкорамон мо иттилло гирифтем, Қиёми Абдулхайр бо дастгирӣ ва кумаки Нозими Ятим ба корҳои тиҷоратии хеш даст зада будааст... Ба таври дигар гӯем, дар ҳодисаи ба сари Нозим Ятим омада Қиёми Абдулхайр ҳам пурсида шуда будааст...
-Ана ёбу гир, - гуфт муовини сардор ва бандаро ҳушдор сохт, ки ба нақшаи корҳои ҷустуҷӯӣ аз рӯи ахбори ба даст омада тағийроту иловаҳо дохил намоям.
Аслан ин корро ман метавонистам ба субҳи фардо гузорам, вале чун шомили гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ будам, ба супориши мазкур бо нигоҳи бузургон:- “кори имрӯзаро ба фардо магузор” чашм дӯхтам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё