Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Гумон мекунам, ки на ҳама дарк мекунанд, ки шомил будан ба гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ чист. Ин, пеш аз ҳама, дар давоми як шабонарӯз ҳавою ҳаваси ба хона рафтанро аз сар дур кардан аст.
Тайи як шабонарӯз аъзоёни гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ аз рӯи вазъи ба вуқуъ пайваста сукунат ва оромии шаҳрвандонро ҳифз мекунанд, ба ёрии онҳое мешитобанд, ки тариқи телефони маъмулӣ “02” ёрӣ хостаанд... Дар аксари ҳолатҳо милиса танҳо вазъи ба амаломадаро рӯи коғаз меорад то минбаъд ба ҳодисаҳои рухдода аз нигоҳи қонун баҳо диҳад, мисли ҳодисае ки чанд шаб пештар дар кӯчаи Бинокорон сар зада...
Баъди аз дафтари кории муовини сардор берун шудан ман муддати на чандон тӯлоние дар берун аз ҳавои тоза нафас гирифтам, сипас навбатдорро ҳушдор сохтам, ки дар дафтари кориам мешавам ва худ боз ба ошёнаи дуюм баромадам...
Аз сейфи оҳанин нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷӯиро аз рӯи ҳодисаи дар кӯчаи Бинокорон 67/3, ҳуҷраи 19, шаби 1 ноябр рухдода гирифта, болои мизи кориам гузошта худ ба курсӣ нишастам...
Пеш аз он ки хомаро болои лисон барам, гузориши лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шарифро рӯи монитори хотирам овардам...
...Қиёми Абдулхайр бо дасгирӣ ва кумаки Нозими Ятим ба корҳои тиҷоратии хеш даст зада будааст.
Ба хабари мазкур аз чанд кунҷ нигоҳ кардан лозим меомад.
Сараввал, чӣ тавр баъди панҷ сол яроқе ки ба воситаи он Нозим Ятим ҳадафи тир қарор гирифта буд, дар манзиле ки собиқ дастпарвардаш зиндагӣ мекард, нақши хешро гузошт.
Дуюм, мебоист муайян намуд, ки оё пайвастагие дар байни ин ду ҳолат вуҷуд дорад ё на ва агар чунин пайвастагие бошад, он бо кадом сабабҳо рух додааст. Дар ҳамин ҷо болои монитор нуқтаи хурде пайдо шуд ва чун онро ман наздиктар овардам, навиштаҷоте ба чашмам бархӯрд:
а)шантаж; б)баробар накардани қарзи аввала; в)ба мақсади аз байн бурдани нафаре, ки метавонист аз ҳодисаи рухдода ба таври ростхата ва ё ғайримустақим огоҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё