Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардони ориф кори шабро хандаи рӯз гуфтаанд. Аслан ин амалро метавон дар мавриде ба инобат гирифт, ки шаб ба иҷрои коре даст мезанӣ, вале дар вазъе, ки банда қарор доштам, иҷрои амали кори шаб метавонист натиҷаи дилхоҳе бидиҳад. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар хомӯшии шаб касе наметавонист боиси парешоншавии андешаҳо гардад, ба ҷуз оне ки ҳодисае сар занаду навбатдор моро нороҳат созад.
Ба ҳар ҳол банда умед ба оромию осудагии шаб намуда, дар муҳите ки ҳатто паша пар намезад, сари ҳолатҳои болои монитори хотирам омада ба фикр фурӯ рафтам...
Ташхиси тиббӣ-судӣ хулосаи хеш ба он гуфта буд, ки Мирзои
25 Абдураззоқ соати 04 дақиқаи субҳи 2 ноябр тариқи ба қафаси чапи синааш бархӯрдани тири 7,62 мм, ки мансуб ба автомати Каланишков ҳаст, ба ҳалокат расидааст. Чун Мирзои Абдураззоқ дар ҳуҷраи рақами 23 воқеъ дар ошёнаи чоруми бинои чорошёна не, балки дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи 19 ба ҳалокат расидааст, мақсаду мароми аслии қотил баҳри тафтишот муаммои сарбастаеро ба бор овард.
То лаҳзае, ки Абдурашиди Шариф оид ба корҳои дар асоси супориши Спартак ба сомонрасонидааш гузориш дод, мо бар он андеша будем, ки қасд ба ҷони устоди донишгоҳ равона шуда, вале ин ҷо бошад.
Рафту агар дар парвандаи панҷ сол қабл оғознамудаи прокуратураи ноҳияи Бӯстон, ки чун ҳама он парвандаҳои ҳалли хешро наёфта дар сейфи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Бӯстон дар зери гарду чанг хобида ё ба таври дигар гӯем, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ному насаби Қиёми Абулхайр сабт намебуд, ҳодисаи ба сари Мирзои Абдураззоқ омада чунин ҳангомаро ба бор намеовард.
Тафтишотро як ҳолат ба ташвиш оварда буд, ин ҳам бошад, муайян набудани ҳадафи аслии қотил.
Дар парвандаи таърихи панҷсоладошта агар ному насаби Қиёми Абдулхайр сабт намебуд, ҳодисаи ба сари олими соҳаи физика омадаро метавонистем чун ҳимояи номуси ошиқи ноком арзёбӣ намоем ва агар муаллими донишгоҳ дар долони ҳуҷраи хеш воқеъ дар ошёнаи чорум ҳадафи тир қарор мегирифт, дигар ҳоҷат ба бод кардани коҳи панҷсола ҳам набуд, вале ин ҳама мақоли халқиеро ба ёд меовард: “Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл”.

пешина
аз 429
навбатӣ