Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мегӯянд, ки “дузд ҳам Худо мегӯяду соҳиби гов ҳам,” шояд чунин шакл гирифтани ҳодиса ба манфиати қотил ҳам буд. Ин дар сурате, ки қасд дар ҳақиқат ба ҷони Мирзои Абдураззоқ равона шуда буд, дар акси ҳол чунин амал боиси ифшо шудани ному насаби қасдкунандаро дошт. Аз ҳамин лиҳоз қотил метавонист ором нашавад ва дигарбора қасд ба ҷони Қиёми Абдулхайр намояд.
Аз чунин андеша вуҷудомадро арақи сард пахш кард, вале чун посе аз шаб гузашта буд, ман дигар чӣ коре ҳам карда метавонистам?
Шаби торику сангистону ман маст, Қадаҳ аз дасти ман афтоду нашкаст.
Нигоҳдорандааш неку нигаш дошт,
5 Вагарна сад қадаҳ нафтода бишкаст.
Аз куҷо дар ҳамин ними шаб ҳамин рубоӣ ба ёдам омад, намедонам, вале ман онро зери лаб чанд маротиба замзама намудам ва каме ҳам бошад, осуда шудам...
Сипас боз чашм ба қайдҳои болои лисон овардаам дӯхтам, ки банди дуюми он дар ҳодисаҳои таърихи панҷсоладошта ёфтани пайвастагиеро тақозо мекард. Албатта, чӣ хеле ки ман дар зери банди мазкур чанд сабаберо ба қалам дода будам, вале ҳар кадоме аз он сабабҳо андешаҳои мустақилро мехост. Аз ҳамин лиҳоз ман ба зербанди аввалини рӯи коғаз омада нигаристам:
а) шантаж.
Агар зербанди мазкур сабаби асосии пайвастани ҳодисаҳои таърихи панҷсоладошта мебуд, аз нигоҳи ман бояд фурӯзонкунандаи алангаи он худи Қиёми Абдулхайр мебуд. Рафту ҳодиса айнан чунин буд, пас аз он бармеомад, ки дар куштори Нозими Ятим нақши фармоишгар ба куллӣ аз байн мерафт.
Дурусттараш, нафаре ки қасди ҷони собиқ тоҷир намуда буд, худаш яроқ ба даст гирифта, бо вай ҳисобашро баробар намуда буд.
Шеър аз Боботоҳири Урён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё