Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат агар Қиёми Абдулхайр ба шантаж даст зада бошад, ӯ ба таври ростхата қотилро муттаҳам намудан хостааст.
Фармоишгарро чӣ? Суоли аз замирам бархоста ҳангоми посух гуфтан душвориеро ба бор наовард. Охир кадом фармоишгар ду маротиба аз хизмати як қотил истифода мебарад, агар барад ҳам, ӯ бояд қотилро огоҳ созад, ки аз яроқи тоза, аз яроқе ки дар ягон ҷо нақш нагузоштааст, истифода барад. Ба замми ин кадом қотил аз як яроқ ду бор истифода мебарад, танҳо ҳамоне ки дар кори хеш усто нест ва ё ӯ яроқи дигаре надорад...
Ин даъфа дар зери калимаи шантаж бо ҳарфҳои хоно навиштам: “Фармоишгар ва қотил дар ҳарду ҳодиса як нафар аст ва яроқ аз солҳои нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ ба ӯ “мерос” монда”...
Масъалаи шантажро анҷомёфта ҳисобида, зербанди дуюм “баробар накардани қарзи авваларо” болои монитори хотирам овардам.
Бархилофи зербанди аввала (шантаж) зербанди дуюм акси садо дод. Чӣ тавре ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гузориш дод: “Қиёми Абдулхайр бо дастгирӣ ва кумаки Нозими Ятим ба корҳои тиҷоратии хеш даст зада будааст.” Шояд замоне ки Қиёми Абдулхайр ба ёрию дастгирии Нозими Ятим муҳтоҷ буд, паси сар шуд. Беҳуда нагуфтаанд “бузак, ки ба саҳро рафт, сурхиро аз пои хеш мебинад”. Дар тиҷорат ҳамеша пул, саҳмия, коғазҳои қиматнок дар ҷои аввал меистанд ва баҳри аз андози давлат саркашӣ кардан мардум ба чӣ корҳое даст намезананд. Аҷаб нест, ки Нозими Ятим ба шогирди наваш ёрии моддӣ надода бошад. Он ёрӣ дар кадом шакл буд, касе намедонад, вале мусаллам аст, ки Қиёми Абулхайр қарзро баргардонидан нахоста. Албатта, ин амал метавонист қарздиҳандаро ба шигифт оварад. Дар он сурат ӯ метавонист моликияти дарихтиёр доштаи шогирдро, аз ҷумла амволи ғайриманқули ӯро, дар товони қарзаш ба моликияти хеш ҳамроҳ намояд. Чунин амал ба манфиати Қиёми Абулхайр набуд ва шояд ӯ баҳри аз ин варта берун омадан роҳи ягонаро дар ҷисман нобуд сохтани рақиб дида. Хайр, чӣ ҷои тааҷҷуб, модоме ки гуфтаанд:
“Неки ба Паёмбари Худо роҳрав нест”. Аз ҳамин лиҳоз Қиёми Абдулхайр (агар ӯ дар ҳақиқат дар марги Нозими Ятим даст дошта бошад), баҳри аз байн бардоштани рақиб аз хизмати киллер истифода бурдааст.

пешина
аз 429
навбатӣ