Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Чун киллер дар ҳарду ҳолат ҳам аз як автомат истифода бурдааст, ӯ танҳо ба ном киллер буда, ҳарчанд дар амал ӯ нишонзани бад набудааст. Маҳз баъди амалӣ шудани нақшаҳояш ӯ бо қотил пурра ҳисобу китобашро баробар накардааст ва ё қотил тайи ин панҷ сол имконияти бо супоришдиҳанда вохӯрданро надоштааст. Масалан, ӯ дар маҳбас будааст, албатта, барои содир намудани ҷинояти на чандон хавфнок, ё ӯ бемори сахт будаву танҳо баъди сиҳат шудан ба ҷустуҷӯи супоришдиҳанда баромада.
Дар ҳарду ҳолат ҳам Қиёми Абдулхайр ба ӯ ҳисобу китобашро аз рӯи ҷинояти аввала баробар накардааст ва дуюмӣ маҷбур шудааст.
ки амали ниҳоиро дар нисбати вай раво бубинад...
Зербанди охирин (ба мақсади аз байн бурдани нафаре, ки метавонист аз ҳодисаи рухдода ба таври ростхата ё ғайримустақим огоҳ бошад) бархилофи ҳама назарияҳои дар боло зикрашон рафта буда метавонист.
Агар чунин буд, пас Қиёми Абдулхайр дар марги нафаре, ки замоне дасташ гирифта буд, шарик нест, вале аз он ҳодиса ба андешаи қотил ё супоришдиҳанда ӯ хабардор аст. Модоме ки чунин аст, пас чаро баъди панҷ сол онҳо ба ин кор даст заданд. Чун худи автомат дар ҳодисаи шаби 1 ноябр истифода шудааст, пас чӣ хеле ки дар боло зикр намудем, дар амали панҷ сол пеш рухдода қотил ва супоришидиҳанда як нафаранд, яъне супоришдиҳанда нест. Қотил бошад, тайи ин муддат шояд барои содир кардани гуноҳи сабуктаре ё дар маҳбас будааст ва ё ҳамон вақт аз тарси ифшо нашудани сираш ба хориҷи мамлакат гурехтааст ё амсоли ин ва баъди бозгашт баногоҳ дар ягон ҷо бо шоҳид Қиёми Абдулхайр рӯ ба рӯ омадааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ дар ҳамин вохӯрӣ ба тақдири минбаъдаи шоҳиди собиқ хатти батлон накашида бошад. Сипас ӯ сайдашро дунболгир шудаю дар куҷо зиндагӣ намудани вайро муайян намудааст. Албатта, тайи чанд шабонарӯз хислатҳои ӯро мавриди таҳлил қарор дода ва сипас шаби 1 ноябр автомати пинҳонамудаашро ба даст гирифта, баҳри осудагии минбаъдаи хеш ба шикор баромада...
Баҳри аз хотир набаровардан ман охирин ҷумлаеро ки болои лисон навиштам, чунин буд: “Ҳаёти Қиёми Абдулхайр дар хатар аст”...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё