Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

“Боло туф намоем, баргашта ба рӯямон меафтад”- гуфтани мусоҳибамро тайи он муддате, ки дар кӯчаҳои зебои шаҳр гом мезадам, чандин маротиба ба мизони қонун гузоштам. Ба ҳар ҳол нуқтаи назари лейтенанти калони милиса аз нигоҳи мантиқ дуруст буд, вале дар сурати амалӣ шудани бандҳои алоҳидаи қонун принсипи инсондӯстӣ коста мешуд... Инро ба ҳамон хотир гуфтаниам, ки на ҳама шоҳидон ба рафти ҳодисаҳои рухдода аз нигоҳи мантиқ баҳр дода метавонанд, чунки дараҷаи фаҳмиш ва суханронии ҳар фард нисбат ба як ҳодиса аз рӯи таҷрибаю дониши бинанда ё худ шоҳид вобастагии пурра дорад...
Мусоҳиби банда дуруст гуфт, ки ба ҳодисаи панҷ сол рухдода эҳтимол касе аз Қиёми Абдулхайр дида ҷавоби дурусте дода наметавонад. Шояд ҳақ ба ҷониби ваколатдори кофтуковии ҷиноятӣ бошад, агар Қиёми Абдулхайр бегуноҳ бошад. Дар акси ҳол ӯ ҳаргиз теша ба пойи худ нахоҳад зад...
“Ҷиноятро ба ҳамон хотир содир мекунанд, ки боварӣ доранд рози нуҳуфта ҳаргиз кушода нахоҳад шуд!- нидо омад аз замирам.
-Чӣ фикри хатое!
-Дузд ҳам Худо мегӯяду соҳиби гов ҳам...
-Ҷав кишта интизори дарави гандум шудан хатои маҳз аст.
-Некиро некиву бадро бад расад, ҳамин хел?
-Бале, ҳеҷ киште нодаравида намонад,”- ба садои қалби хеш посух гуфтам ман ва ба автобус нишастам...
...13...
-Раҷабов гӯш мекунад.
-Рафиқ подполковник, аз прокуратура капитани милиса Сорбони Ҳомидро мепурсанд.
-Маҷлис тамом шавад, меравад, - гӯён муовини сардор гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт: - Капитани милиса Сорбони Ҳомид, баъди маҷлис рост ба прокуратура равед.
-Дирӯз ман дар прокуратура будам.
-Боз имрӯз ҳам рафтанатон лозим ва ҳамаи инро медонед сабаб чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё