Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Не.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки корҳо чандон хуб нестанд.
Дар ин ҷода бо Спартак баҳс намудан маъние надошт. Ба гапи ҳақ чӣ ҳам метавон гуфт. Рафту агар корҳо нағз бошанд, вохӯрии ҳаррӯзаи муфаттиш ва корманди фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зарурате надорад. Дар чунин ҳолатҳо ҳатто як занги телефон басанда аст.
Модоме ки боз тариқи навбатдор бандаро суроғ намуданд, маълум ки...
-Чаро ба даҳон об гирифтед? - пурсид муовини сардор.
-Агар корҳо хуб мешуданд, ҳаргиз моро суроғ намекарданд.
-Медонам ва хоҳиш мекунам, ки корро дар ҳамин самт каме ҷонноктар намоед.
-Кӯшиш мекунем.
-Ҳодисаи дар кӯчаи Бинокорон рухдода чун устухон дар гулӯямон дармондааст, рафиқон. То ҳамин устухонро мо яктарафа накунем, осуда шуданамон ба гумон аст. Хоҳиш мекунам дар атрофи ҳодисаи мазкур алоқаро бо аппарати ёрирасон, бо кормандони ғайриштатии милиса, бо ҳамаи онҳое ки тайёранд саҳми хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ гузоранд, пурзӯр намоед. Худи ҳамин бегоҳ аз рӯи реҷаи пешбинишуда фурудоии тайёра аз шаҳри Бишкек дар назар аст. Албатта, то бегоҳ хело вақт ҳаст, вале ҳамагон бояд огоҳ бошед, ки омадани тайёра боиси ташвишҳои зиёдатӣ нашавад.
-Қиёми Абдулхайр дар ҳамин рейс ба Душанбе меояд? - пурсид сарнозири минтақавӣ майори милиса Ибодов.
-Намедонам, дурусттараш мо аз ҳамкорони дар Бишкек будаамон дар ин бора хабаре нагирифтаем, вале чун то оғози парвози тайёра на камтар аз сенздаҳ соат вақт ҳаст, ҳама кор шуданаш мумкин...
-Шуморо фаҳмидам, рафиқ подполковник, - гуфт Ибодов.
-Рафиқ Ибодов, ҳамроҳи Бахтиёри Қурбоналӣ як соат пеш аз омадани тайёра ба фурудгоҳ равед! Маълумоти иловагиро пеш аз ба фурудгоҳ рафтанатон мегиред.
-Хуб шудааст.
-Капитани милиса Сорбони Ҳомид!
-Ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё