Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бо нафароне, ки дар парвандаи пешин чун шоҳид ба ҳимояи собиқ тоҷир бархоста буданд, вохӯрдед?
-Бале.
-Онҳо чун панҷ сол пеш ду пойро дар як мӯза андохта собит карданӣ ҳастанд, ки...
-Ду нафаре аз он нафарон андешаҳояшонро дигар намуданд, як нафари дигарро пурсида натавонистем.
-Чаро?
-Як нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва айни ҳол берун аз кишвар кору иқомат дорад.
-Баҳри пурсишаш дархост (супориши ҷудогона дар назар аст) фиристодан лозим нест?
-Гумон мекунам, лозим нест.
-Абдурашиди Шариф чаро нест?
-Ман вайро барои овардани ҳамон нафароне фиристодам, ки бар хилофи нишондоди пештараашон сухан гуфтанд.
-Чӣ онҳоро ба таври расмӣ напурсидед?
-Пурсидем ва акнун бояд муфаттиш бо онҳо суҳбат намояд.
-Барои ҳамин ҳам шуморо аз прокуратура пурсиданд?
-Намедонам.
-Майлаш шумо равед.
-Хуб шудааст! - гӯён ман аз ҷой бархеста ба самти дар ҳаракат намудам...
...14...
-Дер омадед, - баробари дидани ман изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиш.
-Дар маҷиси назди сардор будам.
-Ана ба инаш чӣ мегӯед? - гӯён Нӯшини Азиз лифофаеро ба дастам дод.
-Ин чӣ?
-Кушоед ҳамааш дар ҳамон ҷо.
Дилу бедилон он варақаро аз дохили лифофа берун оварда кушодам, ки бо ҳарфҳои на чандон хоно навишта шуда буд: “Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак...”
-Ин мактубро аз куҷо гирифтед?
-Сари субҳ онро Мавлудаи Гурез овард.
-Гумон доред, ки таҳдид нисбати вай равона шудааст?

пешина
аз 429
навбатӣ