Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Намедонам, барои ҳамин ҳам ба таври таъҷили ба шумо занг задам.
-Мактубро кай гирифтааст?
-Ҳамин субҳ онро аз қуттии почтааш дарёфтааст.
-Бо вай суҳбат намудед?
-Албатта.
-Нигоҳи вай ба ин мактуб чӣ хел аст?
-Ба андешаи худи шумо-чӣ?
-Намедонам, барои ҳамин ҳам шуморо ҷеғ задам, охир беҳуда нагуфтанд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.
-Лифофаро ба ташхисгоҳи дактилоскопӣ фиристодан лозим.
-Гумон доред, ки ин ягон натиҷа медиҳад?
-Шояд ба ҷуз нақши ангуштони мо се тан хатнавис ё хатбар нақши ангуштони хешро дар он гузошта бошад.
-Агар гузошта бошад, ҳам онро бо чӣ муқоиса мекунем?
-Шумо худатон аз ман беҳтар медонед, ки ёфтани ҷинояткор душвор нест, вале собит намудани гуноҳи ӯ миёншикан аст.
-Яъне агар он нақш дар бойгонӣ ҳам набошад, дар рафти тафтишоти минбаъда ба кор хоҳад омад.
-Ба кор меояд ё не, Худо медонад, вале чиз сад рӯз дар бор ва як рӯз дар кор мешавад.
-Не, ман ба чунинаш розӣ шуда наметавонам, рафиқ капитан.
-Чаро?
-Банда самараи меҳнати хешро дидан мехоҳам.
-Албатта, ман ҳам хоҳони онам, ки натиҷаи меҳнати мо барабас наравад, вале мо наметавонем ба хотири дастоварди имрӯза аз чунин як амале ки шояд дар оянда ба дигарон ёрӣ медиҳад чашм, пӯшем. Биёед, як ба гузаштаи начандон дур назар афканем. Худи ҳамон гилзаеро мегирем, ки тариқи он Мирзои Абдураззоқ ҳадафи тир қарор гирифта буд. Рафту нақши ҳамон гилза дар бойгонии Раёсати ташхисию криминалистӣ маҳфуз намебуд, чӣ тавр мо мефаҳмидем, ки Қиёми Абдулхайр бо собиқ тоҷир муносибати дӯстона доштааст. Ба таври дигар гӯем, дигарон боғ бунёд намуданду мо аз ҳосили он истифода бурдем, пас чаро мо баҳри ояндагон аз худ боғе ба ёдгор нагузорем?
-Қабул, қабул, вале гумон намекунам, ки ин масъаларо имконияти ба таъхир андохтан бошад, аз ҳамин лиҳоз ба фикри банда касе ба ҷуз худи шумо, рафиқ капитан, аз уҳдаи ин кор беҳтар намебарояд.

пешина
аз 429
навбатӣ