Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ хел?
-Чун Раёсати ташхиси криминалистӣ тобеъи ВКД аст, ба ҷуз шумо дигар кӣ ҳам метавонад ба суолҳои мо посух бигирад?
-Барои ташхисгар ин аҳамияте надорад.
-Дорад ва боз чӣ хел. Рафту агар мо қарорро тариқи курер фиристем, онҳо ба он ба таври расмӣ ҷавоб хоҳанд гуфт, ки шояд аз байн чанд рӯз гузарад. Чӣ хеле ки мегӯянд, маҳз ҳамин ҳолати кор ба нафъи мо нест, чунки вақт мегузарад ва ҳамин вақти рафта чӣ оқибатеро ба бор меорад, мо намедонем, вале агар шумо...
-Ман розӣ.
-Бисёр хуб, худи ҳозир ман қарорро дар бораи таъин намудани ташхис омода месозам, ё шумо худ...
-Агар ҷавоби расмиро хоҳед, пас бе қарор намешавад.
Дар замоне, ки муфаттиши прокуратура сари компютер нишаста, қарорро тарҳрезӣ мекард, телефон занг зад ва ман бо ишораи Нӯшини Азиз гӯшакро бардоштам.
-Рафиқ капитан, ману он нафари гуфтаатон дар идора, - баробари гулӯ рӯшан намуданам хабар дод Абдурашиди Шариф.
-Як дақиқа, - гӯён ман матлаби Абдурашидро ба гӯши муфаттиш расонидам.
-Майлаш, бигузор он касро ба ин ҷо биёрад, якҷоя мепурсем,
- гуфт муфаттиш лаҳзае нигоҳашро аз экрани компютер бардошта.
Сипас ман ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ супориш додам, ки онҳо ба прокуратура биёянд.
-Хуб шудаст, - гӯён Абдурашид алоқаро қатъ намуд.
-Он шоҳид чӣ хабаре дорад? - дуюмбора ба тарафи ман нигариста пурсид мусоҳибам, ки ҳанӯз кори ба зимма гирифтаашро ба сомон нарасонида буд.
-Аз нигоҳи нафаре, ки ҳоло ба ҳамин самт омада истодааст, оне ки панҷ сол пеш ҷони хешро аз даст додааст, дар солҳои нобасомонии кишвар соҳиби мероси калоне шудаст.
-Мероси гирифтаи ӯ ба парвандаи кунуни чӣ алоқае дорад?
-Агар ба муфаттиши мо даст диҳад, шояд нимкосаи зери косаро дарёбад.
-Агар даст надиҳад-чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё