Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар он сурат ҳам мо чизе бой намедиҳем.
-Инаш рост, охир мо то кунун дар атрофи ҳодисаи дар кӯчаи Бинокорон рухдода қариб ки маълумоте надорем, пас чӣ тавр метавонем чизеро бой диҳем? - гуфт муфаттиш бо як табассуми малеҳе ва боз чашм ба экрани компютер дӯхта, бо ангуштони нозукаш тугмачаҳоро зер намудан гирифт...
Дар замоне ки Нӯшин сари компютер буду ман омадани Абдурашидро интизор, мавҷи хаёлотам ба дуриҳои дур парвоз намуд. Ҳамагӣ чанд лаҳза пеш мо ҳамроҳи муфаттиш дар атрофи пурсиши нафаре, ки нишондоди кунуниаш мухолифи нишондоди панҷ сол пештараш аст, суҳбат намудем. Дар рафти суҳбат ба чунин мувофиқа омадем, ки ҳангоми пурсиш агар дастоварде ҳам нашавад, чизеро бой намедиҳем, ба таври дигар гӯем, натиҷаи корро қариб ки дар аъроф муаллақ мондем, мисли деҳқоне, ки баъди кишт аз рӯи мақоли “шуд обӣ, нашуд лалмӣ” амал мекунад.
Ба ростӣ, гирифтани хабар боиси хушнудӣ шуда наметавонад, мисли оне, ки замоне разведкаи Германияи фашистӣ аз Илёс Базна (тахаллуси махфиаш Ситсерон) хабарҳои ҷолибе гирифт, вале дар
10 амалӣ шудани онҳо чорае наандешид...
-Ана қарор ҳам тайёр, - гуфт муфаттиш ва ба принтер коғаз гузошт.
-Дар ҳоле ки шумо сари навиштани қарор майна об мекардед, фикре ба ёдам омад.
-Шуниданаш мумкин? - ба сӯям нигариста пурсид муфаттиш.
-Мумкин, вале намедонам назари шумо ба он чӣ хел хоҳад буд?
-Ҳамааш ба он вобаста ки андешаҳои шумо дар нигоҳи банда чӣ тобише медиҳад.
-Лаҳзае пеш дар атрофи пурсиши шоҳиди дар роҳ буда ба хулосае омадем, ки агар аз суҳбати эшон баҳра ҳам набардорем, чизеро бой намедиҳем.
-Дуруст ва гумон мекунам, ҳамаи ин наметавонад нигаронии бузургеро ба бор оварад.
-Дар он лаҳзаҳо ман ҳам чунин мешумурдам.

10
Нигар ба китобҳои Л. Мойзиш “Операция Цицерон” ва Э. Базна “Я был
Цицероном” Воениздат Москва 1965.

пешина
аз 429
навбатӣ