Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ тайи ҳамин чанд дақиқа андешаҳоятон дигар шуд?
-Фикр мекунам, ки ҳамин хел аст.
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба шуғле, ки иҷрояшро ба душ дорем, аз паси панҷа нигаристан хатост.
-Далел?
-Мақоли халқии “шуд обӣ, нашуд лалмӣ” дар кори мо рост намеояд.
-Ҳама ҷаҳду талошҳои мо аз тадбире беш нест, тақдир бошад дар дасти Оллоҳ таолост. Ба инаш чӣ мегӯед?
-Дигар чӣ ҳам мегуфтам, модоме ки шумо аллакай хулосаи хешро гуфтед...
....15....
-Ному насаб?
-Фариддуни Зоҳир.
-Суҳбати дирӯзаатон бо лейтенанти калони милиса,-гуфт муфаттиши прокуратура ба тарафи Абдурашиди Шариф, ки лаҳзае пеш ҳамроҳи мусоҳиби кунунӣ Нӯшини Азиз вориди дафтари корӣ гашта буд, ишора намуда, таваҷҷуҳи моро бедор намуд. Мо донистан мехостем, ки чаро шумо дар ҳамин бора дар нишондоди аввалаатон сухане ба забон наовардед?
-Шумо гумон доред, ки банда тафтишотро ба иштибоҳ андохтам?
-Амали шуморо дигар чӣ хел метавон арзёбӣ намуд?
-Дирӯз ман ҳамаашро ба ҳамин рафиқ гуфтам,-эшон низ ба тарафи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ишора намуд.
-Инашро мо аллакай медонем.
-Модоме ки медонистед, пас чаро бандаро боз ба ин ҷо даъват намудед?
-Пурсиши кунунии мо характери расмӣ мегирад ва бояд шуморо огоҳ намоям, ки барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ қонун ҷазо пешбинӣ намудааст.
-Чӣ фарқе дорад, ки пурсиш расмист ё ғайрирасмӣ, модоме ки ман дирӯз ҳамаашро ба корманди милиса гуфтам.
-Дар асл, ҳеҷ фарқиятеро намебинам, вале он чи ки бо қалам навишта мешавад бо табар бурида намешавад, аминам, ки маро мефаҳмед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё