Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Фаҳмидам.
-Бисёр хуб, акнун бемалол бошед, ана ба ҳамин ҷое ки банда нишона гузоштам, имзо гузоред, - гӯён муфаттиш пеш аз оғози пурсиши расмӣ дар протоколи пурсиши шоҳид имзои ӯро гирифт.
-Хуш ана имзо ҳам гузоштам, боз чӣ мехоҳед?
-Дар бораи шиносоии хеш бо Нозим Ятим чанд сухане мегуфтед...
-Мо ҳарду замоне дар як автобаза кор мекардем, ман ба ҳайси сармеханик ва ӯ ба ҳайси ронанда.
-Яъне ки шуморо пайванди ҳамкорӣ ё шояд дӯстӣ буд?
-Агар онро дӯстӣ гуфтан ҷоиз бошад.
-Шуморо нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмост?
-Ҳамааш.
-Чӣ хеле ки аллакай гуфтам, замоне банда механик будаму он кас ронанда ва чун вазъи кишвар ноором шуд, ҳар ки донисту дави аспаш, дигар дар автобаза на мошин монду на ронанда, чунки қисмеро роҳбарияти автобаза бо роҳи ёру ошнобозӣ тариқи ауксион ба савдо гузоштанду қисми дигарро шербачаҳо ба яғмо бурданд...
-Ба шумо дар он “бозии қисмат” чизе нарасид, ҳамин хел?
-Мо то огоҳ шудем, дигар дар автобаза чизе намонд.
-Аз қатора дер мондед, гӯед?
-Дер мондем, дер.
-Пас чӣ шуд?
-Чӣ ҳам мешуд, қиёмат шуд, мо бекор мондем, дигар саломамонро касе аз собиқ ҳамкорон алек намегирифт, онҳое ки замоне наздамон саҷда мекарданд, рӯ ба рӯямон оянд, худро нодида гирифта, гузашта мерафтанд...
-Зиндагӣ ҳамин аст чӣ ҷойи хафа шудан?
-Рост, ба фикрам, мақоли халқӣ “гоҳ зинсавору гоҳ зинбапушт” аз чунин ҳодисаҳо сарчашма гирифта.
-Дар он бозии қисмат ба Нозим Ятим ягон чиз расид?
-Намедонам, дурусттараш андешаҳои аввалаи ман дар бораи эшон чунин буданд.
-Пас чаро андешаҳоятонро дигар намудед?
-Андешаҳоямонро не, худам дигар шудам.

пешина
аз 429
навбатӣ