Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чун Паҳлавони пӯсти палангпӯш?
-Ин киноя аст?
-Не охир, шумо худ гуфтед, ки на андешаҳоятон, балки худатон дигар шудед.
-Зиндагӣ шебу фарозиҳои худро дорад.
-Гуфтаниед, ки зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, ё гапам нодуруст?
-Ман гуфта наметавонам, ки дар зиндагӣ чун оина софу ҷилодор будам. Не, чунин набуд вале кӯшише намуда, луқмаи нонамонро ҳалол карда мехӯрдем, чун баъзеҳо ҳаргиз сиёҳро сафед намегуфтем.
-Баъзеҳо гуфта киро дар нзар доред?
-Исмоил ном зоти махуфе дар автобаза ҳамроҳи мо кор мекард, агар гӯям, ки як сол пеш аз шайтони алайҳилаъна ба дунё омада буд, хатто нахоҳам кард. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои ҳамин малъун як автобазаи калон моли шахсии ёру дӯстони роҳбарият гашт.
-Ӯ чӣ вазифа дошт?
-Ҳофиз буд, ҳофизи маддоҳ ва миёнарави гузаро, базму ҷашнҳои хосаи калоншавандаҳоро “шукӯҳу шаҳомати” хоса мебахшид, ба фикрам, ин амал ба ӯ аз гузаштагонаш ба мерос монда буд, вагарна чӣ тавр инсон метавонад чунин пасту палид шавад.
-Ҳофиз дар автобаза, ҳеҷ намефаҳмам.
-Хоҳарам, ҳоло шумо бисёр чизҳоро намефаҳмед. Гап дар сари он ки баҳри ҳама гуна роҳбар чунин ашхоси дурӯя лозим аст, вагарна аз шӯру мағали корхона бехабар мемонад. Исмоил дар ин кор устухон надошт, ӯ дар корхона ба ҳайси механик ба кор қабул шуда буд, дар асл бошад, ба таври ҷамъияти роҳбари ансамбли созию овозии корхона буд. Гоҳ-гоҳе тариқи оинаи нилгун ҳам симои ӯро чун ҳофиз намоиш медоданд.
-Яъне, ки эшон худро қурбони осудаҳолии роҳбарияти корхонаатон намуда буд?
-Эй бар гузаштагонатон раҳмат!

Ишора ба асари ҳамнони адиби гурҷи Шота Руставели.

пешина
аз 429
навбатӣ