Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Мо ҳеҷ пайвастагии ин ҳофизи дурӯяро бо собиқ ронанда Нозим Ятим нафаҳмидем, ки нафаҳмидем.
-Албатта, мо сари ин масъала ҳам бармегардем, вале каме дертар, чунки намехоҳам рафти ҳодисаҳоро аз шаддаи пайваста ҷудо созам.
-Чӣ хеле ки ба шумо писанд бошад, ҳамон хел нақл бикунед!
-Баъди аз кор рафтан ман чанд муддате бекор будам. Аз ин рӯ, баҳри зиндагиро пеш бурдан дар бозор аробакаш шудам. Рӯзе тасодуфан дар бозор Нозим Ятимро дидам, ба ростӣ, агар худаш шиносӣ намедод, ман ҳатто вайро намешинохтам. Кару фарашро дида ангушти ҳайрат газидам. Ӯ аҳволи маро дида афсӯс бар он хӯрд, ки дар зиндагӣ ҳеҷ чизро нафаҳмидам, ки нафаҳмидам.
Ҳарчанд суханони вай вуҷудамро саропо шикофт, вале хафа нашудам, охир борҳо шунида будам, ки дӯст гӯяд табарвор...
Чун мусоҳиби мо дар баёни гуфтани давоми қисса тағофул намуд, муфаттиш аз чойники дар гӯшаи миз истода ба пиёлае чой рехта, ба тарафи вай дароз намуд.
-Ташаккур, - гӯён собиқ сармеханик пиёларо аз дасти муфаттиш гирифта, як қулт чой нушида, сипас онро болои миз гузошта қиссаашро давом дод: -Шояд ӯ аз мактаби зиндагӣ, ки бенавоиву камбағалӣ ҳам аз шохаҳои онанд гузашта буд, ки сабурии бандаро аз рӯзгори вазнинам пиндошта, суроғаи офисашро гуфта, хоҳиш намуд, ки фардо ӯро як хабар гирам.
Субҳи дигараш ман ба ҳамон суроға рафтам. Ҳар он чӣ ки дидам, дар тасвир намуданаш забонам лол аст. Фақат ҳаминро бояд гӯям ки аз дастовардҳои собиқ ронандаи автобазаамон ҳасад бурдам, вале ҳамоно астағфурилоҳ гуфтам. Охир ӯ бандаро баҳри нишон додани дастовардаш не, ба фикрам, баҳри он даъват намуда буд, ки дастам бигирад. Аз чӣ бошад ман аз андешаҳои ботили хеш дар нисбати он марди нек шарм намудам ва ба худ гуфтам: “Ба худодода ситеза макун, ки ӯро Худо додааст”...
Фариддуни Зоҳир боз хомӯш шуда, пиёлаи чой кайҳо хунукгаштаашро ба даст гирифт. Сипас нигоҳашро ба тарафи мусоҳибаш дӯхта, пиёларо ба лаб бурд ва то ҷуръаи охирини онро нӯши ҷон намуда, пиёларо ба тарафи нафаре, ки ба ӯ чой дода буд, дароз намуда гуфт, агар бемалол бошед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё