Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Муфаттиш боз ба пиёла чой рехта ба дасти вай дод.
Фариддуни Зоҳир пиёлаи дуюмро ҳам нӯшида, онро болои миз гузошта гуфт :
-Тайи он муддате ки дар қабулгоҳ эшонро интизорӣ доштам, чанд пиёлаи чой пешниҳоднамудаи котибаро ҳамин хел нӯши ҷон намудам.
-Ба фикрам, шумо аз мавзуъ каме дур рафтед.
-Не, баръакс ман мехоҳам ҳамаи он вохӯриро пурра ба ёд биёрам.
-Хуш ба ёд овардед?
-Ба ёд овардам. Ман дар қабулгоҳ будам, ки хонуми зебое аз ҳузури эшон берун омад. Сипас котиба тариқи телефон шефашро аз омадани банда огоҳ намуда, дар ҳоле ки ҳанӯз гӯшак дар дасташ
12 буд, бо ишораи чашм ба ман рухсати ба назди патронаш даромаданро дод.
Чун ман вориди дафтари кории собиқ ҳамкорам шудам, ӯро сари мутолиаи кадом як намуди коғазҳо дидам. Дар ҳамон як лаҳза ҳазору як фикру андеша дар майнаам давр зад. Охир нафаре, ки сари як дарза коғазҳои болои миз майна об мекард, ҳамааш шуда маълумоти синфи ҳашт дошт. Баробари вориди дафтари кориаш шудани ман Нозим Ятим ба истиқболам бархест ва курсиеро бароям нишон дода, худ низ дар рӯ ба рӯям нишаст.
-Гумон кардам, ки шумо намеоед, - баробари ба курсӣ нишастан гуфт ӯ.
-Гумони ботил.
-Аз ин бармеояд, ки зиндагиатон чандон хуш нест.
-Хуш ҳаст ё не, чӣ фарқ, дорад, бо ҳамааш шукрона мекунем,- паст наомада гуфтам ман.
-Агар хоҳед, якҷоя кор мекунем.
-Ман дониистан мехоҳам, ки он чӣ корест?
-Аслан мо ба тиҷорат машғулем ва аз зиндагӣ шикояте надорем.
-Инашро ман дида истодаам.
-Хуш якҷоя кор мекунем?
Патрон-хӯҷаин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё