Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ман донистан мехоҳам, ки доираи фаъолиятам чӣ гуна хоҳад буд.
-Гуфтам-ку тиҷорат.
-Тиҷорат ин маҳфуми умумист, ман бошам мехоҳам донам, ки ба кадом навъи тиҷорат даст мезанам.
-Ман ҳеҷ шуморо нафаҳмида истодаам, мехоҳам шуморо дастгирӣ кунам, вале...
-Вале чӣ?
-Мебинам, ки аз ҳамон якравиҳои пештараатон намондед.
-Охир ман наметавонам, ки надониста ба коре даст занам, - худро сафед карданӣ шуда гуфтам ман.
-Медонед ба ҳама ин комёбиҳо ман чӣ хел ноил шудам?
-Аз куҷо донам.
-Агар намедониста бошед, бояд бидонед: вақте одамони нек бандаро ба ҳамкорӣ даъват намуданд, ман напурсидам, ки он чӣ корест ва чӣ хеле мебинед, афсӯс ҳам намехӯрам.
-Ин хел бошад, ман аз ҳамон аробаам намонам, - гуфтам ман ва аз ҷой бархестам.
-Он кӣ таваккал намекунад, шампон наменӯшад, - гуфт ӯ аз қафоям, вале ман дигар аҳамияте надода аз дар баромадам...
-Дигар ӯро надидед?
-Дидам.
-Кай ва дар куҷо?
-Дар пеши тарабхонаи “Сиёвуш”. Ман аз роҳ мегузаштам, ки вайро дидам аз тарабхона баромада истодааст.
-Танҳо буд?
-Не.
-Ҳамроҳи хонуме буд?
-Не.
-Пас он ҳама таваҷҷуҳи шуморо чӣ сабабе буд, охир дар ҳар сари қадам як тарабхона аст.
-Ӯро ҳамроҳи ҳамон ҳофизи худозада дидам.
-Хайр чӣ?
-Гап дар сари он аст, ки худи ҳамин ҳофизи худозада замоне тариқи ҳамон доруҳои соҳили Омуро убурнамуда ба дилу дидаи дӯстдорони маишат роҳ ёфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё