Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба андешаи шумо Нозим Ятим дар гардиши маводи мухаддир даст дошт?
-Намедонам, вале мардумон мегӯянд, ки бигӯ дӯсти ту кист, то ман бигӯям ту чӣ касӣ.
-Пас чаро дар ҳамин бора панҷ сол пеш ба мақомоти прокуратураи ноҳияи Бӯстон хабар надодед?
-Он замон ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки дар ҳодисаи ба сари Нозим Ятим омада он ҳофизи худозада даст дошта бошад.
-Чӣ гуфтед?
-Ман аниқашро намедонам, вале пайвастагиеро дар ҳодисаи панҷ сол пеш рухдода ва ҳодисае, ки дар манзили Қиём Абдулхайр рух додааст, мебинам.
-Чӣ шумо Қиёми Абдулхайрро ҳам мешиносед?
-Мешиносам, мешиносам, охир падари ӯ илоҳо ҷояш ҷанат бошад, замоне сарварии автобазаи моро ба душ дошт. Намедонам ӯ ба ронанда Нозим Ятим чӣ хизмате намуда буд, вале аз рӯи шунидам муносибати дуюмин дар нисбати фарзанди ӯ қобили қабул аст.
-Падари Қиёми Абдулхайр ҳам дар талаю тороҷи корхонаатон саҳм дошт?
-Не, ӯро то лаҳзаи бесарусомониҳо аз вазифа сабукдуш намуда буданд.
-Пас он ҳама илтифоти Нозим Ятимро дар нисбати фарзанди эшон чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Шояд марҳум Абдулхайри Кабир замоне дасти Нозим Ятим гирифта, ё шояд фарзанди эшонро ба тавсияи дигаре ба зери ҳимояти хеш гирифта бошад.
-Дигар хел шуданаш мумкин нест?
-Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи хешро дорад, кӣ медонад, он ҳама илтифотро сабаб чист?
-Шояд ӯро низ чун шумо ба кор ҷалб намуда бошад?
-Кӣ медонад?
-Дар бораи пайвастагии ҳодисаҳои муҳлати панҷсола дошта сухан гуфтед. вале худи он пайвастагиро ба тамом накушодед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё