Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳамон нафаре, ки дар долони хонаи Қиёми Абдулхайр ҷонашро ба ҷонофарин супурд, медонед кист? - ба ҷои ба саволи муфаттиш посух гуфтан пурсид Фариддуни Зоҳир.
-Ҳамсояи Қиёми Абдулхайр.
-Ин танҳо як тарафи танга аст.
-Тарафи дигараш чист?
-Ҳамин муаллими худозада, ки қадри нону намаки ҳамсояро пос надоштааст, дӯсти ҳамон Исмоили ҳофиз аст. Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад.
-Аз чунин хулосабарорӣ наметарсед?
-Ман муфаттиш нестам, ки ҳама корро дар тарозуи қонун гузорам, ман ҳамон чизеро гуфтаам, ки аз доираи одоб берун аст.
-Ба андешаи шумо кадом амали ҳофиз аз доираи одоб берун аст?
-Дирӯз ман ба рафиқ лейтенанти калон, - ӯ боз ба тарафи Абдурашиди Шариф ишора намуд, - гуфтам, ки Нозим Ятим ба фикрам мероси калонеро соҳиб шуда.
-Маҳз барои шарҳу эзоҳи ҳамин суханонатон имрӯз шуморо ташвиш додем.
-Оё шумо боре андеша намудед, ки чӣ тавр як ронандаи одӣ, ки ҳатто маълумоти миёна надошт, ба чунин қуллаи баланди тиҷорат баромад?
-Ҳамкорони мо аз ноҳияи Бӯстон сари ин масъала панҷ сол боз андеша доранд, вале бенатиҷа, пас аз мо чӣ гила ки ҳамагӣ чанд рӯзе бо ҳодисаи ба сари собиқ ҳамкори шумо омада сару кор дорем.
-Бо меҳнати ҳалол ба гумон буд, ки собиқ ҳамкори мо ба чунин дастоварде ноил гардад.
-Яъне собиқ ҳамкори шумо ҳама он дастовардҳоро бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда?
-Ҳарчанд ман далеле барои собит намудани ҳамин фикри хеш надорам, вале гумон мекунам, ки чунин аст.
-Ман ҳеҷ як пайвастагиеро дар суханони шумо надида истодаам.
-Ин хел бошад, ман афсӯс мехурам, ки матлабамро дуруст баён карда натавонистам.

пешина
аз 429
навбатӣ