Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Баръакс, шумо ба мо хеле ёрӣ додед ва мо албатта сари ҳама он суханони гуфтаатон андеша хоҳем кард, - гуфтам ман.
-Ташаккур, ки бандаро фаҳмидед.
-Мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ин қарзи шаҳрвандӣ, қарзи инсонии ҳар як фарди ҷомеа аст. Тараҳҳум ба ҷинояткор ин ба қавли Фирдавсии бузург тараҳҳум ба ҷони аҳли ҷамъият аст ва мо набояд нопокиҳои ҷамъиятро дида худро нодида гирем. Мо аз суҳбати шумо хеле шодем ва гумон намекунам, ки ин вохӯрии охиринамон бошад.
Ана бо ҳамин каме дилбардори мо бо Фариддуни Зоҳир худоҳофизӣ намудем.
-Ба фикрам, вай аз ман ранҷид, - баъди рафтани Фариддуни Зоҳир гуфт муфаттиши прокуратура.
-Ҳарчанд нишондоди эшон санҷиши муайянеро мехоҳад, вале гумон мекунам ки вай ба дасти мо нӯги гиреҳро дод.
-Ман бошам...
-Оғози пурсиши шумо хеле ҷолиб буд, вале афсӯс ки анҷомаш чунин шуд.
-Одам шири хомхӯрда ва худам ҳам аз гуфтаҳоям пушаймон шудам. Хайрият шумо будеду вайро каме дилбардорӣ намудед.
-Дар сухан ҳамеша ботаҳаммул бошед.
-Ҳар он чӣ ки вай гуфт, ба ақл рост намеояд.
-Ӯ андешаҳои хешро ба сари мо бор накард, ба замми ин мо дар кори хеш мустақилем.
-Медонам, вале вай аз баён намудани андеша дида бештар хулосаи хешро ба рафти ҳодисаҳо гуфт ва маҳз ҳамин нуқтаи назараш мақбули банда нашуд.
-Вай луқмаро хоида ба даҳони мо гузошт, фурӯ бурдани луқма бошад, ба худи мо вобаста.
-Модоме ки шумо чунин мешуморед, баҳс намекунам.
-Ба мо рухсат?
-Шояд як чой монам?
-Ташаккур, дафъаи дигар,-гӯён ману Абдурашид аз ҷой бархостем.
Муфаттиш бо нигоҳаш моро гусел намуд...
...16...

пешина
аз 429
навбатӣ