Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар ҳар як каломи нодуруст ҳам заррае дурустӣ ҳаст. Рафту ба ҳамин зарра, ки дар физика онро молекулаи хурдтарин ё худ атом меноманд, аз паси панҷа нигаред, худи асрори коинот нокушода хоҳад монд...
Аз замони Бобои Одам (а) то Ҳотам ва аз Ҳотам то ба ин дам инсоният лаҳзае фориғ аз кашфи асрори коинот набуд, ки набуд.
Тайи ҳазорсолаҳост, ки инсоният кирдори ноҷавонмардонаи Ҳобилро, ки дар марги бародараш Қобил даст задааст, маҳкум мекунад...
Марги Қобил шояд оғозе аз ҷиноятҳое бошад, ки чун сӯиқасд ба ҳаёти инсон равона шуда.
Марги Қобил чун ҳама он ду ҳазору панҷсад ҷангҳои хурду бузурги дар тӯли таърихи башар рухдода дар ёди инсонҳо нақш баста...
Ба ҷиноят даст задани Ҳобилро аз рӯи муҳаббат медонанд, ба таври дигар гӯем, асроре, ки аз ҷиноят фарсахҳо дур аст, вале як чиз мусаллам аст, ки Ҳобил пой бар рӯи урфу одат ва анъанаҳои ҳамон давра гузошт...
Риоя накардани урфу одат ва анъанаи гузаштагон ин аслан аз ҳақиқат рӯй гардонидан аст. Доираи ҷазо дар тӯли таърих ба дараҷаи гуноҳи содирнамуда баҳогузорӣ мешуд. Замоне ба ивази хун хунбаҳо мегирифтанд, вале ҳамаи ин бархилофи адолат буд.
Тахминан ду ҳазору панҷсад сол пеш Куруши Кабир аввалин эъломияи ҳуқуқи башарро қабул кард, ки то кунун қисме аз он дар устураҳо сабт шуда, дар осорхонаи Бритониё маҳфуз аст. Баъди Куруш ҳам дар гӯшаҳои гуногуни дунё дар бораи ҳуқуқи инсон ва дахлнопазирии шахсият санадҳои зиёде аз қабили “Хартаи бузурги озодӣ”, “Конститутсияи Амрико, соли 1787”, “Конститутсияи Фаронса, соли 1791”, “Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон”, соли 1948 қабул шуд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷиноят ва ҷинояткорӣ боқӣ монд...
Ду рӯз қабл мо дар дафтари кории муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз бо Фариддуни Зоҳир ҳамсуҳбат шудем. Ба андешаи мусоҳиби мо сабабҳои марги Нозим Ятимро аз мероси гирифтаи вай бояд ҷӯё мешудем, ё амсоли ин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё