Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фариддуни Зоҳир моро бовар кунонид, ки бо меҳнати ҳалол дар чунин муҳлати кӯтоҳ ба чунин дастоварде, ки Нозим Ятим ноил гашт, ноил шудан душвор, дурусттараш ғайриимкон аст.
Маҳз ҳамин нуқтаи назар қариб ки боиси ҳамдигарнофаҳмии шоҳид ва муффатиш гашта буд.
Рафти минбаъдаи корҳои ҷустуҷӯӣ нишон дод, ки на ҳама гуфтаҳои Фариддуни Зоҳир маҳсули хаёлии тафаккури ӯ мебошанд ва чун аз нигоҳи мо худи шоҳид аз ҳама суханпардозиҳояш манфиате намедид, маҷбур шудем баҳри дарёфти ҳақиқат талош варзем...
Чун шоҳид ҳофиз Исмоили Мискинро сабабгори ду бадбахтии тайи панҷ соли охир рухдода медид, самти нигоҳи мо низ дар атрофи ҳамин ҳофиз қарор гирифт.
Аслан барои шиносоӣ бо гузаштагони ҳофиз моро лозим набуд, ки Омуро дар паҳноиаш шино карда гузарем, вале ҳаминаш басанда буд, ки фаҳмем, ки бархе аз сокинони тарафи чапи соҳил баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш аҳён-аҳён ба соҳили рост гузашта, ҷазои онҳоеро, ки суханашон бо амалашон як набуд, медоданд. Дар деҳаҳои атрофи соҳил ба мо гуфтанд, ки мардуми тарафи чапи соҳил нафаронеро, ки ба моли онҳо хиёнат намуданд, борҳо ба гарав бурдаанд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки замоне сарҳад қариб аз зери назорат баромада буд.
Ба умеди дарёфти ҳақиқат шаберо дар яке аз деҳаҳои наздики соҳили Ому дар хонаи мӯйсафеди Хоркаш рӯз намудем.
Чун дар бораи ҳофиз Исмоили Мискин пурсон шудем, ашк дар чашмони бобои Хоркаш ҳалқа зад. Гуфт, ки Мискини дуторӣ дӯсти падараш буду гоҳ-гоҳ меҳмони онҳо ҳам шуда буд. Бобои Хоркаш афсӯс бар он хӯрд, ки дӯсти падараш дар дами пири хориву зории зиёд дид.
Чун пурсидем, ки оё ӯро фарзанд набуд, гуфт:
-Буд фарзанде ноаҳл, ки қадри падари хеш надонист ва боз илова кард:- Пастнасаб чу дид ганҷ,
Маст шавад, аз ӯ маранҷ,
Гушна агар сер шавад,
Ёди Худо намекунад...

пешина
аз 429
навбатӣ