Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд бобои Хоркаш нагуфт, ки писари дӯсти падараш ба ҳама кор қодир аст, вале аёнро ба баён ниёзе набуд. Охир аз шахсе ки қиблагоҳашро дар дами пирӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ додааст метавон некиеро интизор шуд? Он ки ба падари хеш раҳм накард, магар метавонад нисбати дигаре тараҳҳум зоҳир намояд?
-Ҳаргиз.
Сухани аз замирам бархеста бо суханони бобои Хоркаш ҳамовоз гашта, акси садоеро ба амал оварданд.
Пастнасаб чун дид ганҷ,
Маст шавад, аз ӯ маранҷ...
Суханони бобои Хоркаш чун пештар қалби маро бишкофт, ки дигар тамоми шаб мижа таҳ накардам. Субҳи солеҳон сари роҳи калон баромада, ба мошини роҳгузаре нишастам. Чун ронанда марди ниҳоят камсухан буд, ман наметавонистам аз чунин як имконияте истифода набарам...
Таоми роҳ ман бо навбат нақли сокинони деҳаҳои соҳили Омуро болои монитори хотирам овардам. Ба рафти ҳамаи ҳодисаҳо ба ҷуз аз нигоҳи қонун боз аз рӯи фалсафаи зиндагӣ, ки мантиқ яке аз шохаҳои он аст, баҳо додан лозим меомад.
Мошин роҳҳои морпечи кӯҳиро ба қафо гузошта, пеш мерафт, вале мавҷи хаёлоти банда баръакс майли парвоз ба қафоро дошт...
Ба андешаи Фариддуни Зоҳир Нозим Ятим замоне дар автобазаи калоне ронанда будааст. Ронанда, албатта, деҳқон нест, ки ризқу рӯзиашро аз замини наздиҳавлигиаш ҷӯё шавад.
Ронандаро ба ҷуз сафар намудан дигар коре нест. Дар сафар бошад, албатта, ӯ ёру дӯстони наве пайдо мекунад. Ҳарчанд ман дар чанд деҳае дар бораи Нозим Ятим пурсон шудам ба саволи хеш посухи мусбие нагирифтам, вале кӣ медонад?
“Агар намедониста бошед, бояд бидонед, вақте одамони нек бандаро ба ҳамкорӣ даъват намуданд, ман напурсидам, он чи корест ва чӣ хеле ки мебинед, афсӯс ҳам намехӯрам. Он ки таваккал намекунад, шампон наменӯшад...” Ин ҳама суханонро собиқ ронанда ба собиқ ҳамкораш, ки аз худаш замоне як сару гардан боло будааст, гуфтааст.
Дар вохӯрии аввал Фариддуни Зоҳир ба лейтенанти калон Абдурашиди Шариф гуфтааст, ки Нозим Ятим пеш аз оне, ки ба тиҷорат даст занад, соҳиби мероси калоне шуда, вале новобаста ба ҳама он ҷаҳду талошҳои тафтишот дар муддати панҷ сол касе сарчашмаи он меросро наёфта.

пешина
аз 429
навбатӣ