Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин бармеояд, ки собиқ ронанда ягон хел мерос нагирифтааст.
Модоме ки чунин аст, пас чӣ тавр ронандаи одие тавонист дар тиҷорат ба қуллаҳои боло барояд?
Гумон доштам, ки сафар ба деҳаҳои соҳили Ому нӯги гиреҳро ба дастам медиҳад, вале ҳамааш баръакс шуд. Ба ҷуз оне ки амаки Хоркаш ба суханони хеш дар қалбам нештар зад, дигар чизе ба даст наомад.
Мошин кайҳо роҳи морпечи кӯҳиро пушти сар намудаву рӯ ба водӣ оварда буд. Дигар аз он дарёи пуртуғёни Ому низ нишоне ба чашм намерасид, вале мавҷи андешаҳои ман ҳанӯз дар ҳамон дуриҳои дур парвоз дошт ...
Ҳамагӣ ду рӯз пеш шоҳид Фариддуни Зоҳир худаш нӯги гиреҳро ба дасти мо дод, вале ба вай бовар накардем. Гумон намудем, ки ӯ мутахассис нест ва эҳтимол ба эҳсосот дода шудааст, вале дар асл ҳамин шахс пӯсткандаи гапро гуфт. Ӯ моро ҳушдор сохт, ки замоне ҳамон ҳофизи худозада тариқи доруҳои соҳиби Омуро убурнамуда ба дилу дидаи дӯстдорони маишат роҳ ёфта буд... Ба ҷойи он ки мо аз қафои ҳофиз шавем, роҳи калонеро тай намуда, ба макони гузаштагони вай омадем...
“Истед! Шумо чиҳо гуфта истодаед?” - нидо омад аз замирам ва каме ҳушёр шудам. Охир...
-Яъне ки...
-Дуруст, шумо он чиро фаҳмидед, ки бе фаҳмиши он ба хулосае омадан мушкил буд.
-Шояд дар ҳамин чойхонаи сари роҳ каме истироҳат намоем?

  • гуфт ронанда ва суръати мошинро паст намуд.
    -Зид нестам.
    Ронанда мошинро ба паҳлуи рости роҳ гирифта, дар рӯ ба рӯи чойхонаи сари роҳ истод.
    Соате пас мо боз ба роҳ баромадем ва ҳамон ронандаи хушсухан дубора муҳри хомӯшӣ ба лаб зад.
    Чун дидам, ки ҳушу ёди ронанда пурра ба роҳ аст, ӯро ба ҳоли худаш гузошта, аз пайи таҳлили корҳои хеш шудам.
пешина
аз 429
навбатӣ